
ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ҶОРӢ НАМУДАНИ ТАХОГРАФҲОИ РАҚАМӢ ТАДБИРҲО МЕАНДЕШАД. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ зикр гардид
11 феврал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки бо сафари корӣ дар Конфедератсияи Швейтсария қарор дорад, дар Женева бо Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА; International Road Transport Union, IRU) Умберто де Претто мулоқот кард.
Мусоҳибон ба таҷрибаи бисёрсолаи ҳамкории босамари Тоҷикистон бо ИБНА, аз ҷумла роҳандозии усулҳои содда гардонидани расмиёти транзитии гумрукӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҷаноби Умберто де Претто сармоягузории Тоҷикистонро ба инфрасохтори роҳу нақлиёт баланд арзёбӣ намуда, иштироки фаъолонаи кишварро дар рушди устувори нақлиёт зикр сохт ва илова намуд, ки саҳми Тоҷикистон дар рушди низомҳои устувори нақлиётӣ, ҳамбастагии логистикӣ ва бунёди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ мутобиқи равандҳои иқтисодии ҷаҳонӣ дар чорабинии сатҳи баланди Ассамблеяи генералии СММ оид ба нақлиёти устувор дар моҳи апрели соли 2024 дар Ню-Йорк таъкид гардида буд. Зимнан, дар ин чорабинӣ аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон барномаҳо ва стратегияҳои калидӣ, ки дар кишвар барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёти устувор амалӣ карда мешаванд, муаррифӣ карда шуданд. Дар доираи ин барномаҳо шаш лоиҳаи сармоягузории бунёди марказҳои логистикӣ омода карда, заминаи меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва такмил дода шудааст, корҳои рақамисозии маҷмааи нақлиётӣ фаъолона идома дошта, лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин инфрасохтори назди роҳ ва нақлиётӣ, аз ҷумла пулҳо, нақбҳо, эстакадаҳо амалӣ карда мешаванд.
Дар мулоқот бо Дабири кулли ИБНА (IRU) Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим мавзӯи гузариш ба истифодаи тахографҳои рақамӣ (кортҳои интеллектуалӣ)-ро ба баррасӣ кашид ва гуфт барои ронандагони кишварҳое, ки то ҳол фурсат ва имкони роҳандозии чунин кортҳоро пайдо накардаанд, мушкил эҷод шудааст. Аз ҷумла, ронандагон аз Тоҷикистон бо ин душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд, зеро гузариш ба технологияҳои нав вақт ва захираҳоро талаб мекунад.
Азим Иброҳим ба ҳамсӯҳбати худ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани тахографҳои рақамӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи истифодаи тахографҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» аз 7 октябри соли 2011 қабул карда шуд, бо фармоиши Вазири нақлиёти кишвар аз 13 майи соли 2019 «Қоидаҳои истифодаи тахографҳои рақамӣ дар боркашонии байналмилалии автомобилӣ» тасдиқ гардиданд.
Таъкид гардид, ки ин ҳуҷҷатҳо бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иштироки кишвар дар Созишномаи Аврупо оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ЕСТР (European Agreement concerning the Work of Crews of Vehicles engaged in International Road Transport), ки 1 июли соли 1970 дар Женева ба имзо расидааст, қабул гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 ба созишномаи мазкур ҳамроҳ шудааст.
Мувофиқи талаботи Созишномаи Аврупо, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки пас аз 16 июни соли 2010 интиқоли байналмилалии автомобилиро ба кишварҳои иштирокчии Созишномаи Аврупо амалӣ мекунанд, бояд бо дастгоҳҳои назоратии рақамӣ таъмин карда шаванд.
«Мо дар ин самт бо Руминия созишномаи ҳамкорӣ бастаем ва айни замон ба ронандагони Тоҷикистон кортҳо барои тахографҳои рақамӣ дода мешаванд, аммо на кортҳои ҳушмади насли нав, ки қодиранд ба таври худкор убури марзҳо, ҷой ва вақти убурро сабт кунанд. — гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон, — яъне имрӯз мо омодаем, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо, ба истифодаи кортҳои интеллектуалии тахографҳои рақамӣ гузарем. Аз ин рӯ, мо аз Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ хоҳиш мекунем ҷиҳати шомил кардани Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки ҳуқуқ доранд ба ронандагони худ кортҳои тахографҳои насли нав диҳанд, ба мо кӯмак расонад».
Ғайр аз ин, Азим Иброҳим ва Умберто де Претто зарурати ҷорӣ намудани истифодаи гузинаи электронии борхати намунаи байналмилалӣ (e-CMR), ташкили курсҳои такмили ихтисоси Академияи ИБНА (IRU) дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баррасӣ карданд.
Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ҷаноби Умберто де Претто роҷеъ масъалаҳои муҳокимашуда изҳори омодагӣ кард, ки ҷиҳати ҳалли мусбати онҳо кӯмаку мусоидат хоҳад намуд.
Дар мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созанда баргузор гардид, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода ва Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» — и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода иштирок намуданд.