Маркази рақамикунонии нақлиёти Тоҷикистон бо яке аз бузургтарин ширкатҳои технологии Чин ҳамкорӣ ба роҳ мемонад

Маркази рақамикунонии нақлиёти Тоҷикистон бо яке аз бузургтарин ширкатҳои технологии Чин ҳамкорӣ ба роҳ мемонад

Ҳайати Тоҷикистон дар тренинги байналмилалӣ оид ба технологияҳои рақамӣ, ки аз 16 то 26 феврали соли 2025 дар шаҳри Ҷинан, маркази маъмурии музофоти Шандун дар Шарқи Чин баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Ин барномаи  омузишӣ аз ҷониби ширкати Ruiyu Haoxiang, ки ба технологияҳои иттилоотӣ тахассус дорад,  роҳандозӣ шудааст. Дар доираи ин барнома табодули донишу малака ва таҷрибаи мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ амалӣ карда  мешавад.

Барои намояндагони Тоҷикистон шиносоӣ бо таҷрибаи рақамисозии соҳаи нақлиёт, аз ҷумла системаи автоматикунонидашудаи идоракунии ҳаракати роҳ, низоми интеллектуалии нақлиёт,  усули  мониторинг ва назорати нақлиёти автомобилӣ, бақайдгирии визуалии нуқсонҳои роҳ, инчунин раванди технологии истеҳсоли таҷҳизоти сервер, системаи нигаҳдории маълумоти насли охирин, ҳалли масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ҷолиб буд.

20 феврал дар доираи барномаи таълимӣ дар шаҳри Ҷинан  директори  КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ёқубзода бо  директори генералии ширкати байналмилалии «Inspur Group» хонум Тянь Тянь, раиси ширкати «Xiniang ruiyuha oxiang» ҷаноби Ван Бэ Ван ва муовини директори генералии ширкати «Inspur Group» ҷаноби Лю Чао мулоқот намуд.

Мақсади вохӯрӣ роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ барои эҷоди шабакаҳои электронӣ ва татбиқи онҳо дар раванди рақамисозии соҳаи нақлиёт, мусоидат ба баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатарии нақлиёт, инчунин беҳтар кардани шароити расонидани молҳо ва хизматрасониҳо буд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Протоколи мулоқоти сеҷониба барои ба роҳ мондан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии соҳаи нақлиёт ба имзо расид. Дар асоси ин санад ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи кориро барои ба роҳ мондани ҳамкории устувор ва муассир таъсис диҳанд.

БАРОИ МАЪЛУМОТ: корпоратсияи «Inspur Group» яке аз ширкатҳои бузургтарини Чин дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад, ки таҷрибаи зиёда аз 30-солаи фаъолият дар таҳия ва татбиқи  лоиҳаҳои муосир  оид ба  «шаҳрҳои ҳушманд», инфрасохтори рақамӣ ва системаҳои нақлиётӣ дорад.  

Тибқи арзёбии ширкати таҳлилии Gartner, «Inspur Group» аз рӯи  истеҳсоли серверҳо дар Чин дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон дар мақоми панҷум қарор дорад. Ширкат муддати тӯлонӣ асосан ба бозори дохилии Чин нигаронида шуда буд. Вале ҳоло IT-маҳсулоти  «Inspur Group» аллакай дар зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон истифода бурда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *