
ДАР ТЕҲРОН ҶАЛАСАИ КБҲ ТРАСЕКА ДОИР ГАРДИД. Дар ин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд
26 феврал дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи навбатии 17-уми Кумиссиони байниҳукуматии (КБҲ) Барномаи ҳамкории байналмилалии миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои шарик оид ба ташкили долони нақлиётии «Аврупо — Қафқоз — Осиё», ТРАСЕКА (Transport Corridor Europe — Caucasus – Asia, TRACECA) баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ширкат варзид.
Ба ҳайати ҶТ инчунин Намояндаи доимӣ-котиби миллии Котиботи доимии КБҲ ТРЕСЕКА дар Тоҷикистон Фарида Ёкубзода ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Рӯзӣ шомил буданд.
Ҷаласа ҳайатҳои расмии кишварҳои иштирокчии ТРАСЕКА, намояндагони доимии (котибони миллӣ) Котиботи доимии КБҲ ТРАСЕКА, нозирон дар КБҲ, инчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалиро ба ҳам овард.
Дар доираи кори ҷаласа раёсат дар КБҲ ТРАСЕКА аз Гурҷистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон гузашт.
Ҷаласаро Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии ҶИЭ Фарзона Содик ҳусни оғоз бахшид.
«Ин ҳамоиш рӯйдоди таърихӣ хоҳад буд, зеро бори аввал ҷаласаи Котиботи доимии КБҲ ТРАСЕКА дар Теҳрон баргузор мешавад», — зикр кард ӯ.
Дабири кулли Котиботи доимии КБҲ ТРАСЕКА Асет Асавбоев дар бораи фаъолияти Котиботи доимӣ дар давраи раёсати Гурҷистон ҳисобот дод. Иштирокчиёни ҷаласа иҷрои Нақшаи амалро барои солҳои 2022-2026 оид ба татбиқи Стратегияи КБҲ ТРАСЕКА дар бораи рушди долони байналмилалии нақлиётии «Аврупо – Қафқоз – Осиё» барои солҳои 2016-2026 муҳокима карданд.
Дар ҷаласа инчунин роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокчии созишномаи асосии бисёрҷонибаи (САБ) ТРАСЕКА дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар давраи раёсати Гурҷистон ҳисоботҳо пешниҳод намуданд. Инчунин, ба намояндагони кишвари нозир – Ҷумҳурии Юнон ва созмонҳои байналмилалӣ сухан дода шуд.
Рӯзномаи маҷлис масъалаҳои афзалиятноки марбут ба рушди ҳамлу нақли мултимодалӣ, содда кардани расмиёти убури марзҳо, рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳоеро, ки ба рушди минбаъдаи долони ТРАСЕКА дахл доранд, дарбар гирифт.
Ба масъалаҳои таъсиси Шӯрои тиҷоратии ТРАСЕКА, ворид кардани тағирот ба баъзе санадҳои барнома ва такмили фаъолияти минбаъди он низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар ҷаласа қатъномаҳои ниҳоӣ ба имзо расиданд, ки натиҷаҳои кори анҷомдодашударо инъикос намуда, барои қадамҳои минбаъда тавсияҳо пешбинӣ мекунанд.
Дар доираи ҳамоиш муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Абдулқодир Уралоғлу, Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ, муовини Вазири идораи ҳудудӣ ва инфрасохтори Арманистон Армен Симонян, Котиби миллии КБҲ ТРАСЕКА дар Руминия Мария Магдалена Григоре, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Булғория Иванка Григориева мулоқотҳои дуҷониба доир намуд
Зимни ин мулоқотҳо масъалаҳои вобаста ба рушд ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, масоили марбут ба лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ, ҳавасмандгардонии интиқолдиҳандагон, содда гардондани тартиби додугирифти иҷозатномаҳо барои гузариши транзитии мошинҳои боркаш ва ғайра мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
БАРОИ МАЪЛУМОТ
Барномаи байналмилалии нақлиётии ТРАСЕКА моҳи майи соли 1993 дар Брюссел таъсис дода шудааст. Дар он Иттиҳоди Аврупо ва 12 кишвари Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.
Ин ягона лоиҳаи долони нақлиётии Авруосиё дар самти Ғарб–Шарқ аз Аврупо бо гузариш аз баҳри Сиёҳ маҳсуб меёбад.
Барнома бо мақсади таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, савдо ва робитаҳои нақлиётӣ таъсис дода шудааст.
Арманистон, Озарбойҷон, Булғория, Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Руминия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон иштирокчиёни барнома мебошанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 таҳти рақами 609 лоиҳаи Созишнома дар бораи иҷозати ягонаи транзитии ТРАСЕКА маъқул дониста шудааст.