
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Тоҷикистон қариб ҳазор километр роҳу пулҳо ва долонҳои зидди тарма сохта ва таҷдид карда мешаванд
Дар давоми солҳои оянда дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳҳо, пулҳо ва долонҳои зиддитармавӣ сохта ва таҷдид карда мешавад. Дар ин бора дар Нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, зикр гардидааст.
Нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти ҶТ бармеоянд, бо Амри Сарвари давлат аз 18 январи соли 2025 тасдиқ карда шудааст.
Мутобиқи банди 31-уми ин санад, солҳои 2025 – 2026 андешидани тадбирҳои махсуси амалӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини сифати баланди сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгарди «Данғара – Гулистон» (50 километр), «Гулистон – Фархор» (33 километр), сохтмон ва таҷдиди 52 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, бунёди 4,5 километр роҳ дар минтақаи Барсем, 550 метр долонҳои зидди тарма , сохтмони пули дарозиаш 82 метр дар болои дарёи Шорф ва пули дарозиаш 200 метр дар болои дарёи Ғунд дар қаламрави Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст.
Барои татбиқи саривақтӣ ва босифати ин лоиҳаҳо ба вазоратҳои нақлиёт, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон супоришҳои дахлдор дода шудаанд.
Тибқи банди 20 Нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардидаанд, ки «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» — ро бо дарназардошти маълумоти мушаххас ва дақиқ дар бораи захираву имкониятҳои мавҷуда, самтҳои афзалиятнок ва асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Бояд зикр кард, ки ҳоло корҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Данғара – Гулистон» бо дарозии 50 километр ва «Гулистон – Фархор» бо дарозии 33 километр оғоз гардидаанд. Ба корҳои сохтмонӣ дар ин ду лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 ноябри соли 2024 дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиданд.