
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи роҳу нақлиёт тавсеа медиҳанд
Рӯзи ҷумъа, 11 апрел, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон Ар-Рушайдон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориро миён ду кишвар дар соҳаи роҳу нақлиёт ба баррасӣ кашиданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон роҷеъ ба нақшаву лоиҳаҳои кишвари мо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи роҳу нақлиёт ва инфрасохтори он, ки дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудаанд, мухтасар маълумот дод.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмимоти кишварро барои рушди соҳаи роҳу нақлиёт, ки яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёт ба шумор меравад, нек арзёбӣ намуда, барои иштироки ширкатҳои кишвараш дар татбиқи онҳо изҳори омодагӣ намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқи ҳамкориҳо Вазорати нақлиёти ҶТ лоиҳаи созишномаро оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни ду кишвар омода ва барои баррасӣ ба ҷониби Арабистони Саудӣ пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин дар мулоқот масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ барои сохтмону ба истифода додани марказҳои агрологистикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёз, дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ, бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад. Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд. Гуфта шуд, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.