
Чин в кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт густариш медиҳанд
Имрӯз дар шаҳри Остона Нишасти 2-юми вазирони нақлиёт дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид.
Ҳайатҳои шаш кишвар таҳти сарварии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Карабаев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Вей, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Абсаттар Сиргабаев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Директори генералии Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев ва суовини аввали Вазири нақлиёти Узбекистон Маманбий Омаров масъалаҳои мубрами соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ карданд.
Роҳбарони мақомоти нақлиётӣ дар бораи вазъи соҳаи нақлиёт дар минтақа ва ҷаҳон андешаҳои худро баён дошта, имкониятҳои истифодаи пурраи иқтидори ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарии байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказиро муфассал баррасӣ намуданд.
«Ҷаҳони муосир чолишҳои нав пеш меорад ва моро водор месозад, ки дар самти рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки нақлиёт ҳамгироӣ ва мувофиқати бештар дошта бошем. Дар ин замина, мулоқоти имрӯза далели он аст, ки ҳамкории нақлиётӣ дар низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисерҷонибаи мо ҷойгоҳи хосро ишғол мекунад», — иброз дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва изҳори итминон кард, ки низоми самараноку бехатари нақлиётӣ асоси пешрафти иқтисодӣ, рушди устувор ва муносибатҳои неки ҳамсоягии байни кишварҳоямон мебошад.
Вазири нақлиети Тоҷикистон самтҳои зеринро номбар кард, ки ба назари ӯ, ҳамкориро аз рӯи онҳо амиқтар кардан муҳим аст:
1. Рушди хатсайрҳои мултимодалӣ, ба шумули пайвастшавии самараноки автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла: долони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон», долони «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспий, ки имкониятҳои иловагии содирот ва воридотро тавассути баҳри Каспий фароҳам меорад;
2. Рақамикунонии долонҳои нақлиётӣ – ҷорӣ кардани платформаҳои электронӣ, ки ба суръат бахшидани мубодилаи иттилоот, содда кардани расмиёти гумрукӣ ва таъмини шаффофияти ҳамлу нақл мусоидат мекунад;
3. Тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ – махсусан дар минтақаҳои дурдаст, ки омезиши нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ метавонад логистикаи босамарро дар давоми сол таъмин кунад;
4. Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти устувор бо назардошти рӯзномаи глобалӣ оид ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ;
5. Омода кардани мутахассисон ва мубодилаи таҷриба. Таъсиси фазои умумии таълимӣ дар соҳаи нақлиёт, логистика ва муҳандисии нақлиётӣ.
«Тоҷикистон таҳияи чунин Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи нақлиётиро миёни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ зарур мешуморад, ки на танҳо лоиҳаҳои инфрасохторӣ, балки ташаббусҳоро оид ба ҳамоҳангсозии меъёрҳо, таҳияи қарорҳои рақамӣ, рушди марказҳои логистикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои устуворро дарбар мегирад», — таъкид намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Вазирон дар доираи мулоқоти шашҷониба ҷонибдории худро аз содда кардани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва ба формати электронӣ гузаронидани механизми табодули бланкҳои хориҷии иҷозатномаҳо (БХИ) изҳор намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Ёддошти тафоҳум байни мақомоти нақлиётии Чин ва Осиёи Марказӣ дар бораи таҳкими ҳамкорӣ оид ба табодули гуманитарӣ дар соҳаи нақлиёти устувор ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.
Роҳбарони мақомоти нақлиётӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани мулоқот изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Мулоқоти якуми вазирони нақлиёти Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 25-26 сентябри соли 2023 дар доираи нахустин саммити «Чин – Осиёи Марказӣ» дар ҶМЧ баргузор шуда буд. Мулоқоти навбатӣ дар қолаби мазкур соли 2027 доир карда мешавад.