Азим Иброҳим ва Армен Гевондян дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистонро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ карданд

Азим Иброҳим ва Армен Гевондян дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистонро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ карданд

3 июни соли 2025 дар Душанбе мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Арманистон (бо қароргоҳ дар Остона) дар Тоҷикистон Армен Гевондян доир гардид. 

Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва зарурати тақвияти талошҳои муштарак ҷиҳати истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар ва беҳдошти нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистону Арманистон  гуфтугӯ карданд.

Тадбирҳои минбаъда оид ба муайян сохтани хатсайрҳои нави мутақобилан судманд, аз ҷумла долонҳои мултимодалии нақлиётӣ баррасӣ карда шуданд. Ҷонибҳо доир ба ин масъала назари худро баён доштанд.

Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон мутазаккир шуд, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки соли 2016 дар асоси муқаррароти паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Рушди соҳаи нақлиёт, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, таъсис ва тавсеи долонҳои транзитии нақлиётӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ дар роҳи ноил шудан ба ин ҳадаф арзёбӣ гардидаанд.

Вазири нақлиёт дар робита ба ин аҳамияти фаъолсозӣ ва истифодаи долони нақлиётии мультимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» — ро махсус таъкид кард.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон метавонад ва ба нақша гирифтааст, ки барои дигар кишварҳо минтақаи қулаи транзитии марбут ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз қабили ТРАСЕКА ва ЭСКАТО гардад, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Арманистонро дарбар мегиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 Созишномаро дар бораи иҷозати ягонаи транзитии TRACECA (долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) таъйид ва имзо кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 78-уми Кумиссиони иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки моҳи майи соли 2023 дар Бангкок баргузор гардид, дар шакли виртуалӣ суханронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки марказҳои логистикии минтақавӣ таъсис дода, технологияҳои рақамӣ ва системаи интеллектуалии нақлиёт ҷорӣ  ва системаи ҳамлу наҳл дар доираи ин созмон васеъ карда шавад.

Сафир Армен Гевондян дар бораи тадбирҳое, ки аз ҷониби Арманистон бо мақсади таъсиси долонҳои нав ва фаъол гардонидани долонҳои мавҷудаи нақлиётӣ андешида мешаванд, аз ҷумла, сохтмони долони нақлиётии «Шимол – Ҷануб», ки ба роҳандозии ҳамлу нақли транзитӣ байни Гурҷистон, Туркия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, инчунин иштирок дар лоиҳаи «Чорроҳаи ҷаҳон», ки навсозии шабакаи алоқаи нақлиётиро дар Қафқози ҷанубӣ бо нақши марказии Арманистон  дар он дар назар дорад, маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Чорроҳаи ҷаҳон» дар Форуми IV байналмилалии Тбилиси «Роҳи Абрешим» (Tbilisi Silk Road Forum), ки 26-27 октябри соли 2023 дар пойтахти Гурҷистон баргузор гардид ва дар он бо супориши Президенти Тоҷикистон кишвари моро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим намояндагӣ кард,  муаррифӣ карда шуд.

Ин маънои онро дорад, ки Роҳи Абрешим, ки дар қадим аз Қафқози Шимолӣ мегузашт, акнун ба  шабакаи Қафқози Ҷанубӣ низ пайваст карда мешавад.

«Ҳамин тариқ, ба долони мултимодалии «Чин –Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» боз як гузаргоҳи нав илова  мегардад, ки ба супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба густариши долонҳои байналмилалии нақлиётии мо мувофиқат мекунад»,  – иброз дошт Вазири нақлиёти ҶТ.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Арманистон ҷиҳати идома додани  муколамаи зич бо мақсади таҳия ва татбиқи минбаъдаи пешниҳодҳо оид ба хатсайрҳои ояндадор, ки ҳамкории иқтисодӣ тақозо мекунад, ба мувофиқа расиданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *