ГУРӮҲИ СТРАТЕГӢ ОИД БА РУШДИ ДОЛОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҚЛИЁТӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар Душанбе ҷаласаи 82-уми Шӯрои наёлиёти роҳи оҳани ИДМ баргузор гардид

ГУРӮҲИ СТРАТЕГӢ ОИД БА РУШДИ ДОЛОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҚЛИЁТӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар Душанбе ҷаласаи 82-уми Шӯрои наёлиёти роҳи оҳани ИДМ баргузор гардид

10-11 июни соли 2025 дар Душанбе ҷаласаи 82-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод баргузор гардид. Он дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025  доир карда шуд

Дар ҷаласа аъзои Шӯро – намояндагони ваколатдори маъмурияти роҳи оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон, аъзои ассотсиатсияшудаи Шӯро – намояндагони маъмурияти роҳи оҳани Гурҷистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Эстония, инчунин намояндагони Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳан, Кумитаи иҷроияи ИДМ,  Маъмурияти Шӯро оид ба нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ ширкат намуданд.

Аз Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ҷаласа Директори Департаменти ҳамкории иқтисодӣ Михаил Мискин иштирок кард.

Ҷаласаро ҳамраиси Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод, Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ ифтитоҳ намуд.

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода иштирокчиёнро шодбош гуфтанд.

Сипас, ҷаласаро Раиси Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод, директори генералӣ —  Раиси ҶСК «РЖД»  («Роҳҳои оҳани Русия) Олег Белозеров  пеш бурд.

Зимни суханронии худ ӯ тазаккур дод, ки дар ҷаласа одатан натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст карда, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда мешаванд.

Ба афзоиши гардиши мол ва мусофирон диққати махсус дода шуд. Гуфта шуд, ки дар соли 2024 афзоиши интиқоли бор дар давлатҳои узви Шӯро 15 фоизро ташкил дод ва аз 72,3 миллион тонна зиёд шуд. Интиқоли мусофирон 13,4 фоиз афзуда, ҳамлу нақли  байналмилалии мусофирон ба 9,3 миллион мусофир расид.

Илова ба ин, О. Белозеров иттилоъ дод, ки дар натиҷаи аудити мақомоти иҷроия ва  кории Шӯро ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дода шуд ва нуқтаҳои рушд муайян  гардиданд. Ин имкон дод, ки дар ҷаласаи Шӯро Нақшаи такмили кори онҳо тасдиқ карда шавад.

Дар доираи Шӯро Гурӯҳи стратегӣ оид ба рушди  долонҳои байналмилалии нақлиётӣ бо мақсади таҳияи механизмҳои идоракунии долонҳо, мувофиқа кардани шартҳои  нархномавӣ, ҷорӣ кардани рақамисозӣ ва такмили логистика таъсис дода шуд.

Раиси Маъмурияти Шӯро Виктор Попов дар бораи фаъолияти  Маъмурияти мазкур ҳисобот дод. Дар давоми соли гузашта Маъмурияти Шӯро 48 маҷлис ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ ва коршиносонро баргузор намудааст.

Дар ҷараёни ҷаласа Ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар давраи аз соли 2020 то 2024 тасдиқ карда шуд, ки он ба Кумитаи иҷроияи ИДМ барои баррасии мақомоти олии ИДМ бо тартиби муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.

Дар фарҷоми ҳамоиш маросими супоридани ифтихорномаҳои Шӯро ба намояндагони маъмурияти роҳи оҳан барои саҳми назаррасашон дар рушди ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар доираи ҷаласаи 82-юми Шӯро дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи дастовардҳои нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон, инчунин маҳсулоти соҳаи саноату кишоварзии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки онро роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани  кишварҳои ИДМ ва ҳайатҳои онҳо тамошо карданд.

Ҷаласаи Навбатии Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии  ИДМ моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳори Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон доир карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *