САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА ВМКБ. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайавастшавӣ бо шаҳроҳи «Душанбе–Кулма»-ро ба истифода доданд

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА ВМКБ. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайавастшавӣ бо шаҳроҳи «Душанбе–Кулма»-ро ба истифода доданд

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар дод, сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.

Меҳмони олиқадрро дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳия сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Бояд гуфт, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ 140 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора, то имрӯз 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар самти муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардонидани вазъи кору хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум нақши муҳим мегузоранд.

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахуст роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд.

Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст.

Қисмҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии мардум мусоидат менамояд.

Бо супориши Роҳбари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияи Ванҷ низ навсозӣ хоҳад шуд.

Роҳи марказии ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе — Кулма аҳаммияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида, мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад.

Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *