БА ҲАМ ПАЙВАСТАНИ ДОЛОНҲО КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТҲОСТ. Рушди иртиботи нақлиётӣ аз авлавиятҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲШ боқӣ мемонад
Иртиботи мутақобилаи ҳамлу нақл яке аз авлавиятҳо дар муносибатҳои миёни кишварҳои СҲШ боқӣ мемонад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ин Созмон 1 сентябри соли 2025 дар Чин таъкид намуданд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Рӯзи душанбе, 1 сентябр дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин саммити 20-ми Созмони ҳамкории Шанхай ва, тавре рӯзномаи расмии КМ ҲКЧ «Жэнмин жибао» менависад, – «ҳамоиши миқёсан калонтарин дар тамоми таърихи ин Созмон» доир гардид.
Дар он сарони беш аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори саммит Эъломияи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ 20 санад, аз ҷумла Созишнома дар бораи дар Душанбе таъсис додани Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расиданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони давлатҳои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурати рушди минбаъдаи робитаҳои нақлиётӣ, рақамикунонӣ ва фаъолияти инноватсионӣ миёни кишварҳои аъзои Созмон изҳори назар намуданд.
«Мо рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозӣ муҳим мешуморем», – изҳор доштанд Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар Эъломияи Тянҷин, ки аз ҷониби сарони давлатҳои СҲШ қабул гардид, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Давлатҳои аъзо, ки хоҳиши ҷомеаи байналмилалиро барои таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ дастгирӣ мекунанд, ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар асоси одилона ва мутавозин, тибқи қонун, ҳадафҳо ва принсипҳои байналмилалии Оинномаи СММ ва Оинномаи СҲШ мебошанд. Онҳо аҳамияти таъсиси хатсайрҳои нави байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла пешбурди фаъолияти долонҳои «Шимол – Ҷануб», «Шарқ – Ғарб», истифодаи иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин ташаббусҳои кишварҳои СҲШ-ро оид ба инфрасохтори нақлиётӣ ва таъмини фаъолияти устувор ва бефосилаи занҷираҳои таъминот тавассути рақамисозии расмиёти логистикӣ, аз ҷумла ташкили мубодилаи электронии маълумот дар бораи молҳое, ки байни кишварҳои СҲШ интиқол дода мешаванд, татбиқи инноватсияи технологиро таъйид мекунанд.
Давлатҳои аъзо татбиқи Созишномаи байниҳукуматиро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ (шаҳри Душанбе, 12 сентябри соли 2014), Консепсияи ҳамкорӣ оид ба рушди ҳамбастагӣ ва ташкили долонҳои самараноки нақлиётӣ (шаҳри Самарқанд, 12 сентябри соли 2022) ва Консепсияи ҳамкорӣ оид ба декарбонизатсияи нақлиёт, рушди рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устуворӣ (ш. Деҳлии нав, 4 июли соли 2023)-ро. ки бо қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ тасдиқ гардидаанд, идома медиҳанд.
Дар ин замина, онҳо натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи муштаракро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ (шаҳри Москва, 20 ноябри соли 2024), Мулоқоти роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои аъзои СҲШ (шаҳри Маскав, 29 ноябри соли 2024), Машварати вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ (шаҳри Тянҷин, 2 июли соли 2025) зикр намуданд ва пешниҳоди баргузории Мулоқоти роҳбарони баандарҳо ва марказҳои логистикии давлатҳои узви СҲШ (шаҳри Оқтов, ноябри соли 2025)-ро ҷонибдорӣ карданд».
***
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар мулоқоти сиғаи «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» дар мавзӯи «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо ба иштирокчиёни дар бораи тадбирҳои имрӯзаи Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки нақлиёт, гидроэнергетика, саноат ва дигар самтҳо иттилоъ доданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 ва 2 сентябр дар Пекин ва Тянҷин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, президентҳои Русия Владимир Путин, Эрон – Масъуд Пизишкиён, сарвазирони Ҳиндустон Нарендра Моди ва Покистон – Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.
Дар ҷараёни ин сӯҳбату мулоқотҳо ҷонибҳо ба густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, логистика, ҳамлу нақли байналмилалӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Ба ҳам пайвастани долонҳои байналмилалии нақлиётӣ калиди муваффақияти мутақобила номида шуд.
Зимни мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Литсюн таъкид гардид, ки бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун» ва пули калони автомобилӣ бо дарозии 920 метр дар ноҳияи Нуробод иштирок мекунад. Дар ҳамин ҳол, бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории Неругоҳи барқи обии Роғунро то 500 миллион доллари ИМА зиёд кунад.
Зимни мулоқот ба таҳкими ҳамгироии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори дахлдор ва навсозии системаҳои коммуналӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
