ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ РОҲҲОРО АЗ ВАЙРОНШАВӢ ЭМИН МЕДОРАД. Вазири нақлиёт ба роҳбари ин муассиса медали соҳавии «Барои саҳмгузорӣ» супорид

ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ РОҲҲОРО АЗ ВАЙРОНШАВӢ ЭМИН МЕДОРАД. Вазири нақлиёт ба роҳбари ин муассиса медали соҳавии «Барои саҳмгузорӣ» супорид

Рӯзи душанбе, 6 октябр, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни ҷаласаи назоратӣ саҳми назарраси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро дар эмин доштани роҳҳо ва самаранокии кори маҷмааи нақлиётии  кишвар махсус зикр намуд.

Вазир ба Сардори ин ниҳод Далер Қурбонзода  медали соҳавии «Барои саҳмгузорӣ»  супорид.

Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир дар мамлакат тамоюли мусбати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин ба назар мерасад, ки дар натиҷаи беҳдошти сифати роҳҳои автомобилӣ, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт ва пурзӯр гардидани назорати вазну андозаи мошинҳои боркаш, аз ҷумла бо истифода аз нуқтаҳои  назорати рақамӣ ба даст омадааст.

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиётро назорат мекунад,  ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият оид ба корҳои лоиҳавӣ-тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарорсозии роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, нақлиёти мусофирбарӣ ва боркашонӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ ва дигар фаъолиятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаю рухсатномаҳо ва сертификатҳо медиҳад.

Хадамот бахусус ба масъалаи таъмини ҳолати хуб ва бехатарии роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла роҳҳои навсохт ва таҷдидшуда аҳамияти калон медиҳад. Нозирони он мунтазам  санҷиш ва ташхиси роҳҳои автомобилгардро мегузаронанд ва ҳамаи ҳолатҳои ошкоршудаи қоидавайронкунӣ ва қонуншиканӣ то пурра бартараф кардани онҳо зери назорат гирифта  мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *