Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот доир намуд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот доир намуд

Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар доираи сафари (миссияи) навбатии худ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари Гурӯҳи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, «БРАМОМ-4» Абдул Ҳамид Халилӣ, мутахассис оид ба бехатарии нақлиёт Судешна Митра, мутахассис оид ба масоили ҳифзи муҳити зист Жулдуз Журумбетова, ёрдамчии (ассистенти) намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Шаҳзод Хайруллоев мулоқот доир кард, ки дар он роҳбарият ва кормандони Гуруҳи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4»-и Вазорати нақлиёти ҶТ низ ширкат варзиданд.

Сараввал Вазири нақлиёт аз ҳамкориҳои Бонки ҷаҳонӣ бо кишварамон, бахусус, дар соҳаи нақлиёт ёдовар шуда, изҳори итминон намуд, ки лоиҳаи «БРАМОМ-4» бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида татбиқ хоҳад гардид. Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳа дар сохтмони қитъаҳои роҳҳо дар ВМКБ 95%-ро ташкил дода, дар арафаи анҷомёбист. Дар қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд бошад, иҷроиши корҳо 85,85% ташкил дода, раванди кор тибқи нақша идома дорад.

Зимни мулоқот масоили татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4», махсусан оид ба таҷдиду азнавсозии қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд ва сохтмони пулҳо дар ВМКБ, низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР), баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ, таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи амал барои солҳои 2025-2035 баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар муҳлатҳои наздик бунёди панҷараҳои муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ ва таҳвилу насби тарозуҳои баркашии вазни воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат (WIM) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ амалӣ карда мешаванд. Инчунин, дар доираи лоиҳа кумаки техникӣ барои таъсиси Обсерваторияи бехатарии ҳаракат дар роҳ дар назар аст.

Дар ҷараёни мулоқот Вазири нақлиёт ҳамчунин масъалаҳои аз ҳисоби сарфаи маблағҳо иҷро намудани корҳои иловагӣ — таҷдиди қитъаҳои роҳи «Хистеварз – Соҳилоб» (9,2 км) дар вилояти Суғд, роҳи «Барсем-Танг» (1,36 км) ва сохтмони роҳи нав ба маҳаллаи Тем (0,9 км) дар ВМКБ ба миён гузошта, аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки барои гирифтани иҷозат мусоидат намоянд.

Дар навбати худ Абдул Ҳамид Халилӣ ба роҳбарияти вазорат барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, афзуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории минбаъдаро дар самти нақлиёт ва сохтмону таҷдиди роҳҳои кишвар густариш хоҳад дод.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари навбатии худ гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» аз 20 то 24 октябри соли равон бо Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти кишвар чанд мулоқот мегузаронад. 17-19 октябр намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳ ба вилояти Суғд сафар анҷом доданд.

Дар назар аст, ки то охири ҳафта Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ барои шиносоӣ аз рафти корҳои татбиқи лоиҳа бо намояндагони ширкатҳои машваратии Corporate Solution Consulting Ltd (Бритониё), Finnok/Sirway (Финлядия), EASST Expertise LTD (Бритониё), FRED Engineering S.R.L (Италия) , инчунин шарики лоиҳа – Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ низ мулоқотҳо ва як тренинг оид ба бехатарӣ ҳангоми корҳои сохтмонӣ доир хоҳад намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *