Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 километр роҳҳои нави мумфаршгардидаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сарвари давлат Маркази хизматрасорнии сайёҳиро дар деҳаи Булёни поён ва зиёда аз 50 километр роҳҳои нави мумфаршгардидаро дар ҳудуди ноҳия ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бо зиёда аз 50 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Данғара, ки аз ҷониби соҳибкорони боҳиммату ватандӯст бунёд ва мумфарш гардидаанд, шинос шуданд.
Сокинону соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни пуршукуҳи миллӣ — 35 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои ободониро вусъат мебахшанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои ҳудуди шаҳраки Данғараи ноҳия навсозӣ ва канорҳои роҳ васеъ карда шуда, то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ 77 километр роҳҳои дигари деҳоти ноҳия мумфарш карда мешаванд.
Ҳоло зиёда аз 10 километр роҳҳои 3 кӯчаи марказӣ ва 4 деҳоти ноҳияи Данғара, аз ҷумла кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Восеъ, Кароматулло Қурбонов ва деҳаҳои Пушинг, Шар-Шар, Ғиҷовак ва Алиҷон мумфарш карда шудаанд.
Бунёд ва мумфаршнамоии роҳҳои дохили деҳоти ноҳия имкон медиҳад, ки ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт ва рафту омади сокинон ба дигар деҳот ва маркази ноҳия дар ҳама фасли сол пурра таъмин карда шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар бунёду мумфаршнамоии роҳҳо шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ин ташаббусҳоро нишонаи возеҳи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан маънидод карданд.
