Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот кард
10 феврал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Раиси Намояндагии (Сафири) Иттиҳоди Аврупо дар ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарский мулоқот кард.
Вазири нақлиёти ҶТ Радослав Дарскийро ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфт ва ба ӯ дар рисолати дипломатияш дар Тоҷикистон муваффақият орзу кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба таҳқиқоти Иттиҳоди Аврупо оид ба раванди пешбурди стратегияи ИА «Дарвозаи Ҷаҳонӣ» барои Осиёи Марказӣ оид ба ҷустуҷӯ ва муайян кардани долонҳои байналмилалии нақлиётӣ диққати махсус доданд.
Зарурати ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтор, аз ҷумла барои таъсиси марказҳои логистикӣ ва рушди гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, пайвастани роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон бо шабакаи роҳҳои автомобилгарди Аврупо баррасӣ шуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
