МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БО САРВАРИ БОСИ. Ҷонибҳо татбиқи якҷояи лоиҳаҳои афзалиятнокро дар соҳаҳоиэнергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои иқтисодиёти кишварамон баррасӣ намуданд
14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Сарвари давлат хонум Тсзоу Ҷиайиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми баланд табрик намуда, ташрифи нахустини ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба роҳбарияти он арзи сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар самти ташаккули инфрасохтори муосир ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор, ҳамчунин иқтисоди «сабз» мебошад.
Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи «Роғун» ва идомаи таҷдиди неругоҳи «Норак» таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2024 Маҷлиси амояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзиро байни Ҳукумати мамлакат ва Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ оид ба лоиҳаи бунёди роҳи автомобилгарди «Обигарм – Нуробод», марҳилаи 3 тасдиқ намуд. Қарзи ҷалбшуда, ки ҳаҷми умумии он 75,5 миллион долларро ташкил медиҳад, ба мӯҳлати 29 сол бо давраи имтиёзноки шашсола дода мешавад. Ин маблағ ба бунёди бузургтарин пули кишвар дар ин роҳ, ки дарозии он 920 метр хоҳад буд,равона карда мешавад.
Ҳоло сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» бо буҷаи 3,3 миллиард сомонӣ (беш аз 300 миллион доллари ИМА) анҷом ёфта, иншоот дар марҳилаи кафолатӣ қарор дорад.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, БОСИ (англ. Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) бо пешниҳоди Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шудааст. Мақсади асосии ин муассисаи молиявӣ ҳавасмандгардонии ҳамкории молиявӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором мебошад.
БОСИ соли 2014 таъсис ёфта, то имрӯз 57 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои нн мебошанд. Қароргоҳи БОСИ дар шаҳри Пекин мустақар аст.
Моҳи июни соли 2025 хонум Тсзоу Ҷиайи ба муҳлати панҷ сол Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) интихоб шуд. Тибқи иттилои сомонаи расмии БОСИ, вай роҳбари ботаҷриба бо собиқаи кории зиёда аз 30-сола дар системаи молиявии ҷаҳонӣ мебошад. Қаблан ӯ ба ҳайси муовини Вазири молияи ҶМЧ кор карда, дар ташкили ҳамкории Чин бо бузургтарин институтҳои байналмилалии молиявӣ нақши муҳим бозидааст. Тсзоу Ҷиайи инчунин дар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиеии рушд ва Бонки нави рушд кор кардааст.
