ИДОРАЮ МУАССИСА ВА КОРХОНАҲОИ СОҲА ДАР ПЛАТФОРМАИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ САБТИ НОМ МЕШАВАНД. Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт бори аввал дар шакли омехтаи рӯбарӯ ва онлайн сурат гирифт

ИДОРАЮ МУАССИСА ВА КОРХОНАҲОИ СОҲА ДАР ПЛАТФОРМАИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ САБТИ НОМ МЕШАВАНД. Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт бори аввал дар шакли омехтаи рӯбарӯ ва онлайн сурат гирифт

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» Платформаи ягонаи иттилоотии соҳаи нақлиёт (ПЯИН)-ро  таҳия намуд. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 апрели соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.    

Дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии Раиси ҳайати мушовара, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим сурат гирифт, натиҷаҳои фаъолияи вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он дар семоҳаи аввали соли 2026 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм муайян карда шуданд.

Дар ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода, роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва воҳидҳои сохтории  он,   роҳбарони идораю муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони вазорату идораҳои марбута ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат бори аввал дар шакли омехта (ҳибрид) гузаронида шуд – дар он роҳбарияти вазорат ва сохторҳои дастгоҳи марказии он рӯбарӯ, роҳбарони идораю муассисаҳои тобеи вазорат ва корхонаю муассисаҳои маҳалии нигоҳдорӣ ва хоҷагии роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии кишвар ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он дар семоҳаи аввали соли 2026 муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ҳисобот дод.

Гуфта шуд, ки айни замон дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат 2884 адад корхонаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият (аз ҷумла, 225 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 23 терминали боркашонӣ, 41 терминали мусофирбарӣ, 71 муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, 164 муассисаи хоҷагии роҳҳои автомобилгард,  137 корхонаи роҳи оҳан, 2156 нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ)  фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 адад зиёд аст.

Ҳамзамон 898 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 179 шаҳрӣ, 532 наздишаҳрӣ, 156 байнашаҳрӣ ва 31 байналмилалӣ  ба қайд гирифта шудаанд.

Дар маҷмуъ, тайи семоҳаи аввал 33,5 млн тонна бор ва 279,6 млн мусофирон интиқол дода, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта боркашонӣ 14% ва мусофирбарӣ 10,9% зиёд шудааст. 92,5% бор ва 99,8% мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл гардидаанд.

Дар ин давра боркашонии транзитӣ  1,7 маротиба афзуда,  15,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 6,4 ҳазор тонна зиёд аст. Фарогирии воситаҳои нақлиёти дар иқтисодиёт фаъолияткунанда бо роҳхат 100,3% ва бо борхат 138,5%-ро ташкил намудааст. 

Аз 20 кишвари хориҷӣ 47971 адад рухсатнома барои боркашонии байналмилалӣ дастрас  гардида, то ҳол 11785 адади онҳо истифода шудаанд.

Зикр гардид, ки 75,1 фоизи боркашонии байналмилалӣ  ба нақлиёти роҳи оҳан рост омада, дар ин давра 2 млн. 57 ҳазор тонна бор  (нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 8,2% зиёд) ва 95,9 ҳазор мусофир ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода шуданд. 

Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 41%-ро ташкил намуда, 12,8% коҳиш ёфт. Сабаби  ин кам шудани  ҳаҷми борҳои содиротӣ, баланд будани арзиши боркашонӣ бо нақлиёти ватанӣ бинобар гарон будани сузишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳо арзёбӣ  гардид.

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои интиқолдиҳандагони ватанӣ  аз 30 то 80 фоиз имтиёзҳо пешниҳод ва дар заминаи ҳамкорӣ бо маъмурияти роҳҳи оҳани кишварҳои дигар  имтиёзҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст.

Бо мақсади тақвияти рақамикунонӣ, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо Роҳи оҳани Ҷумҳурии Беларус оид ба  ҳамкории техникӣ ҷиҳати татбиқи низоми электронии таҳия ва коркарди ҳуҷҷатҳо (система автоматизации подготовки и оформления документов, САПОД) шартнома ба имзо расонид.

Дар ин давра 20 вагони боркаш аз таъмири асосӣ ва 115 вагон аз    таъмири пойгоҳӣ бароварда, ба маблағи 6,1 млн сомонӣ таъмири хатти роҳ  гузаронида шуд. 

Дар баробари  ин фарсудашавии парки вагонҳо ва локомотивҳо ҳанӯз ҳамчун мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад.

Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти онҳо  иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамитн давраи соли сипаришуда 1,1 млн. сомонӣ ё 2,8 маротиба зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тавассути Вазорати нақлиёт айни замон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 193 млн. доллари ИМА  дар  ҳоли  иҷро шудан ҳастанд.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён доштанд, соли 2026 бояд дар 8 лоиҳа бо дарозии умумии қариб 300 км корҳои сохтмону таҷдиди роҳу пулҳо ва дигар иншооти соҳа оғоз ёбанд,

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар натиҷаи санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи иҷозатномаҳо, истифодаи роҳхату борхат, пешгирии ҳаракати мошинҳои гаровазн дар роҳҳои автомобилгард ва ғайра 23 ҳазору 437 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» Платформаи ягонаи  иттилоотии соҳаи нақлиётро таҳия намуд. Платформа  ҳамчун маъхази миллии иттилоотӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳаи роҳу нақлиёт ва рақамикунонии соҳа бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии ҳамлу нақл, инчунин  таъсиси «равзанаи ягона» барои ҳамкории корхонаю муассисаҳои соҳа ва мақомоти идораи давлатӣ  фаъолият мекунад. Тадриҷан дар ин платформа радаҳои  (реестрҳои) алоҳида оид ба ҳамлу нақл, интиқолдиҳандагони бор ва ғайра боз мешаванд.

Платформа бо маъхазҳои иттилоотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ҳамгиро (идғом) карда шуд.

Тазакукур дода шуд, ки феълан дар соҳаи роҳу нақлиёт  4  барномаи давлатӣ  мавриди татбиқ қарор доранд: «Барномаи давлатии рушди маҷмаъаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» (бо қарори ҲҶТ аз 26 феврали соли 2026, №74 тасдиқ шудааст), «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» (қарори ҲҶТ аз 30 октябри соли 2022, №532),  «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» (қарори ҲҶТ аз 28 октябри соли 2023, № 503) ва «Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори ҲҶТ аз 31 декабри соли 2020, №706). 

Чуноне дар ҷаласаи ҳайати мушовора таъкид гардид, бино ба натиҷаи таҳлилҳо, бо вуҷуди таъмин гардидани нишондиҳандаҳои асосии фаъолият тибқи нақша, дар соҳа ҳанӯз як қатор камбудиҳою норасоиҳо низ ҷой доранд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кори ҷаласаи васеи ҳайати мушовараро  ҷамъбаст намуда,  ҷиҳати рафъи норасоиҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат, вз ҷумла,  чунин дастуру супоришҳои мушаххас дод:

Ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»:

– сари вақт содир намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар таъмин карда шавад;

 – дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан ва таҷдиди парки роҳи оҳан  тадбирҳо андешад.

Ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт:   

– барои таъмини воситаҳои нақлиёт бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалиёти «Роҳхат ва борхат»  доир намояд;

– сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба таври ҷиддӣ назорат  карда шавад;

– фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар зери назорати доимӣ қарор дода шавад;

– ҳаракати нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо пурра  танзим гардад.

Ба МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»:

 – бо мақсади баланд бардоштани самаранокии интиқолиҳандагони ватанӣ ва таъмини мошинҳо бо бор  Харитаи роҳ таҳия ва пешниҳод намояд;

– барои  тезонидани  корҳо ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ дар гузаргоҳи  сарҳадии «Фотеҳобод»-и вилояти Суғд,  шаҳри Турсунзода,  Минтақаи озоди иқтисодии  Кӯлоб, инчунин дар бандари «Чобаҳор»-и ҶИЭ ва шаҳри Қошғари ҶМЧ  тадбирҳо андешад.

Ба КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»:

 – ҳаҷми корҳои лоиҳакаширо зиёд ва иҷрои босифати онҳоро таъмин намояд.

Ба КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»:

– дар нимсолаи аввали соли 2026 тамоми корхонаю муассисаҳои соҳаи нақлиёт дар Платформаи ягонаи иттилоотӣ ба қайд гирифта, аз барномаи мобилӣ истифода кунанд;

– ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳаи IT-технология чораҷӯӣ намояд. Ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва идораҳои хоҷагии роҳҳо:

– ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмири роҳҳои маҳаллӣ тақвияд башшида шавад;

– таъмири асосӣ ва ҷорӣ тибқи технологияҳо раҳандозӣ карда шавад;

–  тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 аз ҳоло шуруъ карда шаванд.

Вазири нақлиёт дар фарҷоми ҷаласа чунин мброз намуд: «Соли равон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва марҳилаи муҳими таҳкими инфрасохтори миллӣ ва рушди иқтисодии кишварамон маҳсуб меёбад. Ҷиҳати сазовор  истиқбол гирифтани  ин ҷашни таърихӣ, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти стратегия ва барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои тасдиқшуда  мо кормандони соҳаи нақлиёт мебояд фаъолияти худро дучанд афзун намуда, софдилона ва содиқона кор кунем!».

Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *