Дар Женева масъалаҳои рушди низоми рақамии гумрукии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

Дар Женева масъалаҳои рушди низоми рақамии гумрукии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

5 октябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои рушди минбаъдаи низоми рақамии гумрукӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода, роҳбарияти Барномаи АСИКУДА — Рено Масснэ ва Ҳамоҳангсози минтақавии Барнома Дмитрий Гадунов иштирок намуданд.

Ҷонибҳо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи АСИКУДА, вазъи ҳамкориҳои мавҷуда ва самтҳои рушди минбаъдаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъалаҳои рақамикунонии равандҳои гумрукӣ, содагардонии расмиёти савдо ва такмили низоми идоракунии рақамии гумрукӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Зикр гардид, ки татбиқи низоми АСИКУДА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди идоракунии рақамии гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии расмиёти гумрукӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содагардонии расмиёти савдо аҳамияти муҳим дорад.

Таъкид шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи АСИКУДА барои татбиқи ҳадафҳои ислоҳоти гумрукӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Женева 5–9 октябри соли 2026 дар доираи «Созишнома доир ба пешниҳоди кумаки техникӣ вобаста ба гузариш ба низоми нави гумрукии АСИКУДА ва амалишавии ислоҳоти гумрукӣ» анҷом меёбад. Созишномаи мазкур 22 июни соли 2022 миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд ба имзо расидааст.

Дар идомаи сафар баргузории як қатор вохӯриҳои Турсунзода Азим Ҳайдар бо масъулони сохторҳои гуногуни марказии Барномаи АСИКУДА дар назар аст.

Дар ҷараёни ин вохӯриҳо натиҷаҳои татбиқи лоиҳа, таҷрибаи андӯхташуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда ва дурнамои рушди низоми АСИКУДА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки сафари корӣ ба таҳкими ҳамкории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи АСИКУДА-и Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти рақамикунонии низоми гумрукӣ мусоидат намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *