Дар Хадамоти гумрук ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ баргузор гардид
22 октябри соли 2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, татбиқи низоми иттилоотии АСИКУДА, баланд бардоштани шаффофияти хизматрасониҳо ва пешгирии камбудиҳо дар фаъолияти ширкатҳои брокерӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли тиҷорату саноат, ширкатҳои брокерӣ ва масъулони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Шӯро, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳадафи асосии Шӯро мусоидат ба таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии мамлакат дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорату саноат, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, такмили амалиёти содиротиву воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.
Зимни баромад Каримзода Хуршед Абдураҳмон доир ба фаъолияти мақомоти гумрук маълумот дода, зикр намуд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, пардохтҳои электронӣ ва ғайринақдӣ, низоми «Равзанаи ягона», такмили низоми идораи таваккал, ташкили долонҳои сабз ва мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ ба беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти гумрук мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин, муҷаҳҳаз гардонидани баъзе дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ бо таҷҳизоти муосир ва таҷдиди инфрасохтори онҳо аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда арзёбӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки ин тадбирҳо барои иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ замина фароҳам овардаанд.
Дар идомаи ҷаласа намояндаи лоиҳаи АСИКУДА дар мавзӯи «Платформаи ягонаи рақамӣ барои дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасониҳои гумрукӣ» маърӯза намуда, имкониятҳои низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукиро муаррифӣ кард.
Зикр гардид, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми АСИКУДА барои ташкили низоми мукаммали электронии танзими гумрукӣ дар сатҳи миллӣ, баланд бардоштани шаффофият, такмили назорати маъмурӣ ва беҳтар намудани ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамоянд.
Пас аз муаррифӣ иштирокчиён оид ба ҳамгироии низоми мазкур бо дигар низомҳои амалкунанда саволҳо пешниҳод карданд. Намояндаи лоиҳа ва сардори Хадамоти гумрук ба саволҳои онҳо ҷавоб дода, иштирокчиён фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.Сипас, масъалаҳои фаъолияти мутахассисони барасмиятдарории гумрукии ширкатҳои брокерӣ, сифати хизматрасониҳои гумрукӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани масъулияти мутахассисони соҳа баррасӣ гардиданд.
Тавре ки дар баромади Хуршед Каримзода зикр гардид, таҳлили ҳолатҳои пур кардани декларатсияҳои гумрукӣ нишон медиҳад, ки дар фаъолияти баъзе мутахассисони ширкатҳои брокерӣ камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд.
Аз ҷумла, ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, кам нишон додани арзиши гумрукии мол, иваз намудани номгӯи молҳои гаронарзиш ба молҳои арзонтар, нишон додани молҳои андозбандишаванда ҳамчун молҳои имтиёзнок, нодуруст муайян кардани рамз ва номгӯи мол, арзиши гумрукӣ ва кишвари истеҳсол, инчунин насупоридани боҷу андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ошкор гардидаанд.
Таъкид гардид, ки чунин амалҳо метавонанд ба буҷети давлатӣ зарар расонида, ба шаффофияти хизматрасониҳои гумрукӣ ва эътибори мутахассисони масъулиятшиноси соҳа таъсири манфӣ расонанд.
Вобаста ба камбудиҳои ҷиддии ошкоргардида нисбат ба баъзе мутахассисони ширкатҳои брокерӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Ҳамзамон, тибқи фармоишҳои Хадамоти гумрук, шаҳодатномаҳои тахассусии 15 нафар мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ бекор гардида, амали шаҳодатномаҳои 47 нафар ба муҳлати нуҳ моҳ бозхонд ва амали шаҳодатномаҳои шаш нафари дигар ба муҳлати шаш моҳ боздошта шудааст.
Зикр гардид, ки пешгирии қонуншиканиҳо, риояи қатъии талаботи қонунгузории гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти мутахассисон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти гумрук ба шумор мераванд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси Шӯро пешниҳодҳои иштирокчиёнро муҳим арзёбӣ намуда, ба котиби Шӯро супориш дод, ки баррасии онҳоро дар ҷаласаҳои минбаъда таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Каримзода Х. А. барои иштироки фаъол ва ҳамкории судманд ба ҳозирин изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳамкории мақомоти гумрук бо мақомоти давлатӣ ва аҳли тиҷорату саноат минбаъд низ тақвият дода мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
