Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳо дар роҳи Душанбе-Бохтар
Ҳафтаи гузашта Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти корҳо дар роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд.
Дар ҷараёни шиносоӣ Сарвазирро Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон, Суҳроб Мирзозода- муовини якуми вазири нақлиёт ва Рустам Вализода-муовини вазир, Нуралӣ Арабзода инчунин директори иҷроияи маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва намояндагону роҳбарони дигар вазорату идораҳо ҳамроҳӣ намуданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ аз қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо дидан намуда, доир ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, азхудкунии маблағҳо ва ташкили кор дар иншоот итилоъ гирифта шуд.
Пас аз натиҷагирӣ ва арзёбии шиносоӣ, аз ҷониби Сарвазир ба маъсулин, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, паймонкорон — ширкатҳои “Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва пулҳо “Сидзян Бейсин” ва “Синохайдро корпорейшн” , машваратчиён- ширкати “КОКС”, Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ва “Автострада” ҷиҳати вусъат бахшидан ва сифатнок таъмин намудани иҷрои корҳои сохтмонию таҷдидӣ дар иншоот дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.
Инчунин Раисони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои дар масири сохтмони иншоот қарордошта, вазорати кишоварзӣ, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои ниҳолшинонӣ ва сарсабз намудани онҳо муваззаф гардидаанд.