Ифтитоҳи пули нав дар Фархор

Ифтитоҳи пули нав дар Фархор

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо  корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин иқдоми нек дар канор набуда, дар шаҳру минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва созандагӣ анҷом медиҳад.

Рӯзи 7-уми октябри соли равон дар километри 100 роҳи автомобилгарди Сомониён –Олимтой ноҳияи Фархор як пул пас аз навсозӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам, муовини якуми вазири нақлиёти кишвар Бобозода Раҳим ва директори Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода» — и Вазорати нақлиёти ҶТ Далер Тешаев мавриди истифода қарор дода шуд.

Дарозии пул 100,4 метр буда, паҳноии он 9,6 метрро ташкил медиҳад. Ин пул қобилияти борбардории 40 тоннаро дорад.

Сохтмони пул соли 2019 оғоз гардида буд. Дар доираи азнавсозӣ қисмҳои асосии сохтмон барқарор гардиданд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ, омадани селҳои мавсимӣ як қисми   асосии пул  пурра хароб гардида буд, сохтмончиён онро аз нав барқарор карда ба истифода доданд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ҶДММ «Роҳи Обод» анҷом дода шуд. Ин пул дар километри 100 роҳи  Сомониён-Олимтойи ноҳияи Фархор қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *