Гуфтугўи ошкорои вазири нақлиёт бо рўзноманигорон
Бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ рўзи 14 – уми июл дар Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба саволҳои рўзноманигорон оид ба фаъолияти нимсоли соҳаи нақлиёту роҳ посухҳои қонеъкунанда дод.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод ва ошкоро доир гардида, намояндагони расонаҳои хабарӣ оид ба масоли бенизомиҳо дар нақлиёти мусофирбарӣ, ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, фаъолияти таксиҳои ғайриқонунӣ, кушодашавии хатсайрҳои мусофирбарии байналмилалӣ тариқи роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаҳои сохтмонии Душанбе – Бохтар, Кўлоб Шамсиддин Шоҳин, Қалъаихум — Ванҷ, сохтмони роҳҳои оҳан бо Суғд ва Панҷакент — Самарқанд, ба мушкилот дучор гардидани нақлиёти боркаш дар сарҳад бо Қирғизистон, ташкили марказҳои логистикӣ, танзими хатсайрҳои шаҳрӣ, вазъи боркашонӣ бо Афғонистон ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, аз ҷониби вазири нақлиёт посухҳо гирифтанд.
Муфассал аз рафти нишасти хабарӣ дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» маълумот ба нашр мерасад.