Баррасии масъалаи боркашонӣ дар гузаргоҳи Қулма
Гуруҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадӣ, Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, Агентии бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим да соҳаи нақлиёт, терминали «Тоҷиквнештранс» дар Қулма рўзи 5 — уми октябр аз гузаргоҳи сарҳади давлатии Қулма дидан намуда, оид ба натиҷаи боздид ҷаласа доир намуданд.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири нақлиёт Саидмуродзода Шоиста баргузор гардида, дар он масъалаи роҳҳои зиёд намудани рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шоиста Саидмуродзода иштирокдорони ҷаласаро бо вазъи имрўзаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Чин ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт шинос намуда, қайд кард, ки тибқи мактуби Сафрорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҶумҳурииТоҷикистон реҷаи мувофиқашуда аз ҷониби мақомоти назоратии Тоҷикистон риоя ва контейнерҳои холӣ бо сабаби тамъиз нашуданашон аз ҷониби Чин бозпас гирифта намешаванд. Ҳамчунин мавҷуд набудани крани магнитӣ дар ҷониби Тоҷикистон масъалаи саривақт ва босифат интиқол додани контейнерҳои бордорро мушкил гардонда, сабаби ҷамъ шудани воситаҳои нақлиёти зиёд бо борҳои ниёзи мардум дар ҳудуди Чин гардидааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъулини дигар соҳаҳо сухан карда, изҳор доштанд, ки мақомоти назоратӣ дар сарҳад пайваста дар фаъолият буда, гузаргоҳ аз ҷониби Тоҷикистон ба таври доимӣ кор мекунад. Иштирокдорон ҷиҳати ҳалли масъалаи мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, бо назардошти ҳамаи гуфтаҳо ҷаласа қарор қабул кард ва тибқи он масъулин вазифадор гардиданд, ки роҳи ҳалли мушкилотро ёбанд.
Аз ҷумла, ҶСП «Тоҷиквнештранс» вазифадор гардид, ки имкони харидани крани магнитӣ ва васлу насби он дар гузаргоҳи Қулмаро баррасӣ намуда, оид ба ҳалли ин масъала ба Вазорати нақлиёт пешниҳоди худро ироа кунад.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ фаъолияти мақомоти назоратиро дар сарҳад ҳамоҳанг созад ва бо мақсади эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард ва иншооти он ҳангоми ба расмиятдарории гумрукӣ меъёрҳои тасдиқгардидаи ҳаҷму андозаро дар нақлиёти боркаш риоя намояд. Ҳамчунин бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби оморӣ, аз нав ба расмиятдарорӣ ва дигар амалиётро вобаста ба интиқоли бор дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» анҷом диҳанд.
МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гузариши воситаҳои нақлиёти боркашро дар гузаргоҳ таъмин намуда, раванди интиқолро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва барои интиқоли таҷҳизот, бори калонҳаҷму вазнин танҳо бо воситаҳои нақлиёти мувофиқ иҷозат диҳанд.
Вазорати нақлиёт усули самараноки интиқолро аз сарҳади давлатии Қулма коркард карда, бо ҷониби Чин ҳамоҳанг ва ба интиқолдиҳандагон пешниҳод намояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ ҳарчи зудтар ба роҳ мондани сохтмони бинои безаррагардонии воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳоро дар гузаргоҳ таъмин намоянд.