Вохӯрии Вазири нақлиёт бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ — экспедитсионӣ (логистикӣ)

Вохӯрии Вазири нақлиёт бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ — экспедитсионӣ (логистикӣ)

Рӯзи 7 декабри соли 2022 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ — экспедитсионӣ (логистикӣ) вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷаласа масъалаҳои зайл мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд:

— муҳокимаи пешниҳодҳои манзурнамудаи ширкатҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ (логистикӣ).

— мушкилоту имконоти мавҷудаи логистикаи нақлиётӣ, дурнамои нақшаҳои рушди он дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ (логистикӣ).

— пешниҳод ва баррасии лоиҳаи “Сохтори низоми логистикаи нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ширкатҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ барои тамос ва фавран андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ  рақами телефони боварӣ эълон намуданд. Таъкид гардид, ки ширкатҳои нақлиётӣ метавонанд дар давоми 24 соат аз рақами ахборотии 2211439 ва 2222277 истифода намоянд. Инчунин, таъкид гардид, ки барои боз ҳам зич ва беҳтар намудани ҳамкорӣ бо МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” — мақоми ваколатдори вазорат дар соҳаи логистика аз платформаи  logistics.tj — и МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ва ҳамчунин сомонаи расмии Вазорати нақлиёт mintrans.tj маълумоти бештарро дастрас намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *