ПУЛИ ПИЁДАГАРДИ ШАҲРИ ХОРУҒ БАРҚАРОР ГАРДИД

ПУЛИ ПИЁДАГАРДИ ШАҲРИ ХОРУҒ БАРҚАРОР ГАРДИД

  • Барқарорсозии пули мазкур заррае аз корҳои созандагиву бунёдкорист, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат баҳри пешрафти кор дар ВМКБ роҳандозӣ гардидааст, – гуфт вазири  нақлиëти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар маросими ба истифодадиҳии пули пиёдагард аз болои дарёи Ғунд, ки рўзи 18 декабри соли равон баргузор гардид. Ҳамчунин Вазири нақлиёт оид ба чанд лоиҳаҳои роҳсозӣ, ки дар нақша ҳастанд ҳозиринро шинос намуд. Дар маросими ба истифодадиҳии пул ҳамчунин раиси Вилояти   Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер  ва раиси шаҳри Хоруғ  Назарзода Ризо ва сокинони сершумори шаҳри Хоруғ низ иштирок намуда, аз иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ изҳори  миннатдорӣ намуданд.

Пули мазкур  моҳи май  бар асари сӯхтори калон дар Бозори марказӣ ба садама дучор ва вайрон гардида, бо дастуру ҳидоятҳои саривақтии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори   Кӯҳистони Бадахшон бо истифода аз техника ва кормандони КВД “Бадахшонроҳсоз” ва Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ” барқарорсозии он оғоз ва дар нимаи дувуми моҳи декабр анҷом ёфт.

Сардори МД “Идораи хоҷагии роҳҳои автмобилгарди ВМКБ” Далер Мукаррамшоев изҳор додшт, ки дарозии пули мазкур 100 метр ва паҳниоии он 4 метр буда, бо дастгирии Вазорати нақлиёт барои барқарорсозии он зиёда аз 1 милиону 374 ҳазор сомонӣ сарф гардида буд. Ин пули мазкур аз болои  дарёи Ғунд ду мавзеи шаҳри Хоруғ – маҳаллаҳои табобатхона ва Сайфулло Абдуллоро бо ҳам пайваст мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *