БЕШ АЗ 90% ҲАМЛУ НАҚЛ ТАВАССУТИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ АМАЛӢ МЕГАРДАД. Дар Вазорати нақлиёт нишондиҳандаҳои семоҳаи аввали сол ҷамъбаст гардиданд

БЕШ АЗ 90% ҲАМЛУ НАҚЛ ТАВАССУТИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ АМАЛӢ МЕГАРДАД. Дар Вазорати нақлиёт нишондиҳандаҳои семоҳаи аввали сол ҷамъбаст гардиданд

14 апрел дар Вазорати нақлиёти Ҷумхурии Тоҷикистон  ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм  шунида шуд.

     Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим  сурат гирифт, мувоини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҳмуд Амирзода, намояндагони вазорату  идораҳои дахлдор ва роҳбарони корхонаву муасисаҳои зерсохтори вазорат ширкат  варзиданд.

       Аз рӯи масъалаи муҳоикмагардида муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода маъруза кард. Зикр гардид, ки вазорат дар семоҳаи аввали сол фаъолияти худро дар асоси  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷумла аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар нақшаҳои тарҳрезишуда ба роҳ монда, ба тақвияти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат намуд.

     Дар бозори хизматрасонии  нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва хоҷагии  роҳҳои мамлакат ба ҳолати 1 апрели соли равон 2328 адад субъектҳои хоҷагидории дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолият мекунанд. Дар ин давра  577,3 ҳазор  воситаи нақлиёт, аз ҷумла, 50248 адад нақлиёти боркаш, 15587 адад нақлиёти мусофирбар,  507661 адад нақлиёти хусусӣ, 1780 адад нақлиёти махсус ва 2036 адад мотосикл ба қайд гирифта шудаанд.

     Тибқи маълумот оморӣ дар семоҳаи аввал тавассути ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 23 млн.338,6 ҳазор тонна бор бо гардиши 2 млрд 415 млн тонна/км ва 218 млн 333,5 ҳазор нафар мусофир   бо гардиши 2 млрд 689,4 ҳазор мусофир/км интиқол дода шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 10,8%, гардиши бор 14,2%, мусофирбарӣ 11,3% ва гардиши мусофирон  17,6% афзоиш ёфтааст.

     Таъкид гардид, ки дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, вобаста ба шароити хоси иқлимӣ ва ҷойгиршавии чуғрофии кишварамон, соҳаи нақлиёти автомобилӣ аҳамияти калон дошта, ҳамлу нақли беш аз 93,1% борҳо ва 96,5 мусофирон маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад.

    Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар баробари зиёд гардидани нишондиҳандаҳои ҳамлу нақл ҳанӯз дар вилояти Хатлон, бахусус минтақаи Кӯлоб, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳолатҳои бо омор пурра фаро гирифта нашудани хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла фаъолияти воситаҳои нақлиёт бе истифодаи роҳхату борхат ҷой доранд. Ҳанӯз ҳаҷми  содирот нисбат ба ҳаҷми воридот кам аст.

     Гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан низ рӯ ба афзоиш аст.  Корхонаҳои марбутаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ин давра 54 вагонро аз таъмири асосӣ ва 214 вагонро аз таъмири пойгоҳӣ бароварда, дар 11,9 километр роҳи оҳан  корҳои бардошту ивази релсҳоро анҷом доданд. Бо вуҷуди ин фарсуда ва корношоям гардидани вагонҳо ва локомотивҳо барои корхона чун мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад.

    Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим  масъулини соҳа ва  муассисаю корхонаҳои  зертобеи вазорат, марказҳо ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳоро ба иҷрои саривақтии супоришҳо ва бартараф кардани камбудиҳомуваззаф намуд. Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки дар  ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани марҳилаи якуми “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” , таҳияи санадҳои зерқонунӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” пешбинӣ гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

      Ба роҳбарони муассисаҳои идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард (ИХРА) ва муассисаҳои назорати роҳҳои  автомобилгарди (МДНРА) вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки омодасозии соҳа барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои сохтмону таъмир ва азнавсозии роҳҳои аҳамияти маҳалидошта ва иншооти он тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

     Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, марказҳо ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо ва дигар масъулони соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ,   сертификатсиякунонии соҳа, бо тарозуҳои муосир муҷҷаҳаз гардонидани нуқтаҳои баркашонӣ,   истифодаи дурусти  рухстномаҳои байналмилалӣ,  дарҳамкорӣ  бо БДА-и ВКД ҶТ   пурра манъ намудани ҳаракати нақлиёти гаронвазн ҷиҳати пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард  вазифадор карда шуданд.

      КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт уҳдадор гардид, ки иҷрои саривақтии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ барои солҳои 2021-2024” тибқи тибқи муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намояд.

     КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мебояд ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ, аз ҷумла содироти бор (маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ),  ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо соҳибкоронӣ ватанӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

  Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои  дахлдор оид ба ҳамкориҳои судманд фикру дархостҳояшонро пешниҳод намуданд.

Мувоини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҳмуд Амирзода аз нишондиҳандаҳои семоҳаи соҳа изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кор ба мутасаддиён дастурҳо дод.

     Дар фарҷоми ҷаласа  барои ҳамкориҳои густурда дар нигоҳдории роҳҳо ба Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо сипосномаи Вазорати нақлиёт тақдим карда, ғолибони озмунҳои “Роҳҳои ободи байни деҳот”, “Ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва «Беҳтарин муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо”  бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.  

     Аз ҷумла, дар озмуни “Роҳҳои ободи байни деҳот” , аз рӯи талаботи озмун (мумфарш намудани роҳҳо) ҷои аввалро муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии (МДНРА) ноҳияҳои Б. Ғафуров (49,4 км) ва Данғара(32,5 км), ҷои дуюмро МДНРА ноҳияи Ёвон (25,7 км) ва шаҳри  Турсунзода (22,1 км) ва ҷои сеюмро МДНРА ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (18,4 км) ишғол намуданд.

     Дар озмуни “Ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо”, тибқи талаботи озмун, яъне ворид намудани маблағи бештар ду ҷои аввал  насиби МДНРА шаҳрҳои Ваҳдат  (3 млн. 50 ҳазор сомонӣ) ва Турсунзода (1 млн. 667,3 ҳазор сомонӣ) гардиданд.    МДНРА ноҳияи Ҷайҳун (566 ҳазор сомонӣ) ва ноҳияи Балҷувон (320 ҳазор сомонӣ)  ҷои сеюмро бо ҳам диданд.

     Дар озмуни “Муассисаи беҳтарини нигоҳдории роҳҳо” ҷои якум  ба МДНРА ноҳияи Мурғоб, ҷои дуюм ба МДНРА ноҳияҳои Файзобод ва Фархор ва ҷои сеюм ба МДНРА ноҳияи Рашт ва шаҳри Исфара  дода шуд.

Тафсилоти бештар аз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти ҶТ дар шумораи навбатии рӯзномаи “Нақлиёт” ба табъ мерасад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *