“СИФАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ!”. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони муассисаҳои боркашонию мусофирбарии кишвар мулоқот кард

“СИФАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ!”. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони муассисаҳои боркашонию мусофирбарии кишвар мулоқот кард

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд  1 июл дар шаҳри Хуҷанд бо  намояндагони муассисаҳои нақлиётие, ки бо боркашонию мусофирбарӣ машғуланд, мулоқот доир намуд. Дар мулоқот роҳбарону фаъолони муассисаҳои нақлиётии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ширкат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки   вохӯрии Вазири нақлиёти ҶТ бо роҳбарону фаъолони  муассисаҳои  нақлиёти автомобилии кишвар таи ду соли охир ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамоиши мазкур мулоқоти дуюм дар соли ҷорӣ буд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла сохтмону нигоҳдории роҳҳо ва сифати боркашонию мусофирбарӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

                              Дар самти боркашонӣ

Азим Иброҳим дар назди ҳозирин оид ба вазъи кунунии соҳа сухан гуфта, аз чумла, чунин зикр намуд: “Айни замон дар соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар 227 корхонаву ҷамъият ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 78 адад, аз ҷумла 56 адад дар самти байналмилалӣ ба фаъолияти боркашонӣ машғул буда, 83 корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ фаъолияти мусофирбариро анҷом медиҳанд. Инчунин 66 корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ доираи фаъолияти худро дар шакли омехта ба роҳ мондаанд”.

      Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-майи соли 2023 тавассути ҳама намуди нақлиёт дар ҳаҷми 43 млн. 370 ҳазор тонна бор интиқол ёфтааст, ки  40 млн. 700 ҳазор тоннаи он ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Аз ин ҳаҷми бори ба нақлиёти автомобилӣ тааллуқдошта 14 млн. 310 ҳазор тонна тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт анҷом дода шудааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба нақшаи солонаи пешбинигардида 5% ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 19 % бештар мебошад.

Дар самти интиқоли байналмилалии бор  ҳаҷми боркашонӣ 1 млн. 90 ҳазор тоннаро (568 ҳаз. тонна воридот ва  522 ҳаз. тонна содирот)  ташкил намуд, ки нисбат ба нақша 5,2 % зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо нақлиёти истифодашаванда дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ асосан дорои стандартҳои экологии “Евро – 3” то “Евро – 5” мебошанд.

Дар 5 моҳи соли равон муомилоти варақаҳои роҳхат ва борхат  779 ҳаз.ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   197 288 адад зиёд мебошад. Аз ин теъдод620 102 адад роҳхат ва борхат коркард гардида, боқимонда дар муомилот ва дар ихтиёри корхонаҳои ғайринақлиётӣ қарор доранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” масъалаи рақамикунонии раванди таъмин бо варақаи роҳхат ва борхати электронӣ роҳандозӣ гардида, дар айни замон аз 227 корхонаву ҷамъиятҳо 67 ширкати нақлиётӣ пурра ба ин Барнома ворид гардида, 20 ширкати дигар дар марҳилаи гузариш қарор доранд.

Аз ин лиҳоз,  Вазири нақлиёт Азим Иброҳим таъкид намуд, ки бо мақсади рақамикунонии пурра дар ин самт  чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамаи ширкатҳои нақлиётӣ ҳарчи зудтар ба барномаи мазкур ворид карда шаванд. 

  Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мусофирбарӣ, Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тибқи тартиби муқарраргардида мунтазам ташкил ва гузаронидани озмунро ба роҳ монда, барои хизматрасонии мусофирбарӣ ба интиқолдиҳандагон вобаста менамояд. Айни замон дар фаъолияти мусофирбарии 886 хатсайрҳои мусофирбарии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ амал мекунад.

Вобастакунии ҳамаи хатсайрхои мусофирбарӣ тариқи озмун (тендер) амалӣ гардида, дар 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби комиссияи доимоамалкунанда 5 хатсайри нави шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ ташкил карда шудааст.

  Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар самти хизматрасонии байналмилалӣ ронандагон ва корхонаҳо бо 4 намуд ҳуҷҷатҳо, аз чумла 2 намуд роҳхати байналмилалӣ (боркашонӣ ва мусофиркашонӣ), як намуд борхати боркашонии намунаи байналмилалии CMR ва  корти рақамии тахограф таъмин  карда мешаванд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ  4949 баста варақаи борхати боркашонии намунаи байналмилалии намунаи CMR дода шудааст, ки назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 1209 баста камтар аст. Роҳхати боркашонии намунаи байналмилалии 5Б-БМ  5119 ададро ташкил дод, ки назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 308 адад зиёд аст. Ба миқдори 644 адад роҳхати мусофирбарии намунаи байналмилалии 4А-М-БМ дода шудааст, ки назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 539 адад зиёд аст. Корти рақамии тахограф 831 ададро (нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 823 адад) зиёд ташкил намудааст. Яъне дар шаш моҳи соли гузашта ҳамагӣ 8 адад тахографи рақамӣ дода шуда буд.

Тавре Вазири нақлиёт Азим Иброҳим зикр намуд, айни замон ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ амалӣ гардида, теъдоди санадҳои баимзорасида 54 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 27 созишномаи дуҷониба бо 15 давлат мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар соли ҷорӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти нақлиёти автомобилӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистон дар доираи сафарҳои давлатӣ ва кории роҳбарияти Олии кишвар 4 санади ҳамкорӣ (ёддоштҳои тафоҳум) ба имзо расонида шуд.

  Вазорати нақлиёт ҳамасола бо назардошти талаботи интиқолдиҳандагон миқдори квотаро барои мубодилаи рухсатнома бо кишварҳои хориҷӣ муайян менамояд, ки барои соли 2023 бо 20 давлат ба миқдори умумии 77 210 адад муайян шудааст. Дар ин замина, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 43000 рухсатнома аз кишварҳои хориҷа ворид гардида, 35 000 рухсатномаҳои ватанӣ ба ин кишварҳо ирсол гардид. “Яъне, мо ба миқдори 8000 зиёд варақаи рухсатнома аз кишварҳои хориҷа гирифтем”, — гуфт Вазири нақлиёт.

Бо мақсади тақвият бахшидани робитаҳои нақлиётию логистикӣ бо кишварҳои Аврупо, алалхусус кишварҳои минтақаи назди Балтика (Латвия, Литва, Эстония) моҳи июни соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Вазорат таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёт ба кишварҳои мазкур сафар намуд.

Зимни сафар ҳайати корӣ бо мақомоти марбутаи ҷумҳуриҳои Латвия ва  Литва вохурӣ анҷом дода, масъалаҳои ҷойдошта, аз ҷумла  зиёд кардани теъдоди рухсатномаҳоро  мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа протоколҳои дахлдор ба имзо расида, ҷониби Латвия ва Литва барои пешниҳоди рухсатномаҳои иловагӣ дар соли ҷорӣ розигӣ доданд.

  Ҳоло дар миқёси кишвар, дар тобеъияти 16 ҷамъияти нақлиётӣ, ҳамагӣ 171 адад воситаҳои нақлиёти дорои рефрежератор (яхдон) вуҷуд мавҷуданд, ки ин теъдод барои қонеъ намудани эҳтиёҷот ҷиҳати интиқоли бори зудвайроншаванда кам аст.

“Аз ин лиҳоз, мо кушиш карда истодаем, ки барои ворид намудани чунин намуди воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашуда бо пешниҳоди сабукиҳо мусоидат намоем. Дар ин замина ҳамкории шумо, интиқолдиҳандагон, низ мувофиқи мақсад аст”, — изҳор намуд Азим Иброҳим.

 Вазири нгақлиёт инчунин роҷеъ ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва инфрасохтори он низ, ки  яке аз масъалаҳои мубрами соҳа ба ҳисоб рафта,  ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Вазорат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ибрози андеша намуд.

Тавре ӯ иттилоъ дод, айни замон 27 адад нуқтаи баркашӣ дар роҳҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ташкил гардида, фаъолияти якҷояи кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ба роҳ монда шудааст.

Дар 6  моҳи соли ҷорӣ 100 191 адад воситаи нақлиёт дар нуқтаҳои баркашӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, онҳо бо сертификати баркашӣ таъмин гардидаанд. Инчунин, да давраи ҳисоботӣ аз 130 адад воситаҳои нақлиёти боркаш ба миқдори 1029 тонна бори аз меъёри муқарраргардида  зиёд ошкор карда шуда, нисбати онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунанда чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Вазири нақлиёт ҳамчунин тазаккур дод, ки бо мақсади пурра ҳал гардидани масъалаи танзим ва назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва таъмини назорати мутамарказонидашуда дар доираи як шабака, харидорӣ ва васлу насб намудани таҷҳизоти баркашии динамикӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин замина лоиҳаи сармоягузории “Сохтмони низоми автоматикунонидашудаи назорати нақлиётҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода гардидааст.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо аз ҷониби КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” мутобиқи нақша-чорабиниҳо дар ҳамаи ҷамъиятҳо ва корхонаҳои боркашониву мусофирбарӣ корҳои сертификатсиякунонии мутобиқати кору хизматрасонӣ гузаронида мешавад.

Мутобиқи нақша-чорабиниҳо, дар ҷамъияту корхонаҳо пас аз муҳлати муайян бояд санҷишҳои нозиротӣ гузаронида шавад. Санҷишҳои нозиротӣ дар асоси талаботҳои «Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ГОСТ 31815-2012 «Баҳодиҳии мутобиқат. Тартиби гузаронидани санҷишҳои нозиротӣ дар  ҷараёни сертификатсиякунонӣ» доир карда мешаванд.  

Самти дигаре, ки аз тарафи КВД «Маркази сертификатсиякунонии   кор   ва   хизматрасонии  соҳаи  нақлиёт»  ба роҳ монда шудааст, ин таъмини сертификати салоҳиятнокии касбии кормандони корхонаву ҷамъиятҳои боркашонӣ ва боркашонӣ-мусофиркашонӣ мебошад. Ба ҳолати 25 июни соли 2023 аз тарафи гуруҳҳои корӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарони корхонаву муассисаҳои нақлиётӣ  зиёда аз 4500 нафар кормандони ҷамъиятҳо ва соҳибкорони инфиродӣ бо сертификати салоҳиятнокии касбӣ фаро гирифта шудаанд.

 Дар мулоқот оид ба рафти иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли  2018  №565 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» маълумот дода, гуфта шуд, ки айни замон дар нуқтаи баркашии амалкунанда 16 адад  посттерминалҳои (POS-терминал) пулгузаронӣ ва 10 адад терминалҳои худкор барои пардохти маблағи сертификати баркашӣ тариқи ғайринақдӣ васлу насб карда шудаанд.

               Аз аввали сол то ба имруз дар нуқтаҳои баркашӣ ба тариқи ғайринақдӣ 15905 ронанда маблағи сертификати баркаширо пардохт намудааст. Аз  чумла,  2749 нафар  тариқи кортҳои бонкӣ, 10817 нафар тариқи посттерминалҳо ва 2339 нафар тариқи гузаронидан ба суратҳисоб  маблағ пардохт кардаанд.

       Ҷиҳати вусъат бахшидан ба иҷроиши талаботҳои қарори мазкур ва бо кортҳои бонкӣ таъмин намудани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазни ҷамъияятҳои боркашонӣ,  гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо нозирони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва кормандони ҶСК «Ориёнбонк» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо  1748 ронанда аз 111 ҷамъияти боркашонии воситаҳои нақлиёти гаронвазн бо кортҳои бонкӣ таъмин карда шуда, аз 339 нафар ронандаи дигар дархост барои гирифтани корт қабул карда шудааст.

                             Дар самти мусофирбарӣ

Тавре Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо истинод ба маълумотҳои омории соҳавӣ хабар дод, айни замон дар соҳа 99 ширкати нақлиётии автомобилӣ барои ҳамлу нақли мусофирон машғуланд. Инчунин 7 ширкат  дар самти ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ фаъолият менамоянд.

 То имрӯз 28 хатсайри байналмилалии мусофирбарӣ бо кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Афғонистон тасдиқ гардида, айни замон фаъолият бо давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст.

  “Ҳамзамон мехоҳам зикр намоям, ки 30 октябри соли 2022 “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2028” қабул гардид. Дар ин раванд воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба роҳ монда шуда, солҳои 2021, 2022 ва дар 5 моҳи соли ҷорӣ 1497 адад воситаҳои нақлиётӣ барқӣ вориди кишвар гардиданд”, — иброз дошт Вазири нақлиёти ҶТ.  

“Ҳамаи ин тадбирҳо бо мақсади беҳдошти сифати хизматрасонӣ ба  аҳолӣ андешида шудаанд, — таъкид намуд Азим Иброҳим. —  Зеро таъмини сатҳу сифати муносиби хизматрасонӣ ба  мусофирон вазифаи аввалиндараҷаи интиқолдиҳандагон маҳсуб мешавад. Барои ҳамин сифат бояд дар маддаи аввал бошад”.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-майи соли 2023 тавассути нақлиёти автомобилии мусофирбар дар маҷмуъ ба 351 млн. 180 ҳазор нафар  мусофирон хизмат расонида шудааст, ки аз ин 15800 нафар ба самти байналмилалӣ рост меояд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми мусофирбарӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9,6 % ва 13 % (дар самти байналмилалӣ)  афзоиш ёфтааст. 

Ҳамзамон вобаста ба пешравиҳои соҳаи мусофирбарӣ дар кишвар  Вазири нақлиёт тазаккур дод,  ки дар давоми солҳои    2017-2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 583 адад автобусҳо ва троллейбусҳои нави муосир, аз ҷумла 64 адад автобуси тамғаи “ISUZU”, 300 адад автобуси тамғаи “AKIA” (бо дарозии 12 метр), 10 адад автобуси дуошёнаи  тамғаи “AKIA ULTRA”, 100 адад автобуси хурди тамғаи “AKIA” (бо дарозии 8 метр), 4 адад автобуси тамғаи “SAZ” ва 104 адад троллейбусҳои муосири тамғаи “32100D” (ба масофаи то 15 км бо таври  автоматӣ ҳаракаткунанда) истеҳсоли Белоруссия харидорӣ гардида, парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии мусофирбарии шаҳри Душанбе пурра азнавсозӣ карда шуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла сохта ба истифода додани терминали автомобилии мусофирбарӣ дар шаҳри Бохтар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” ба маблағи умумии 9,2 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 6,0 млн. доллар қарзи имтиёзноки дарозмуҳлати БАТР ва 3,2 млн. доллар маблағҳои грантӣ мавриди татбиқшавӣ қарор дода шудаанд.

            Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур харидории 39 адад автобусҳои муосир пешбинӣ шудааст. Аз ҷониби ҶДММ “AKIA AVECTO” васлу насби автобусҳо пурра ба итмом расида, барои интиқол ба муассиса омода мебошанд.

  “Мутаассифона, новобаста аз он, ки имрӯзҳо дар ҳамлу нақли мусофирбарӣ азнавсозии парки автомобилӣ ва истифодаи нақлиётҳои муосир ба роҳ монда шудааст, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҳоло ҳам нигаронкунанда мебошад”, — гуфт Вазири нақлиёт Азим Иброҳим. — 

Аз ин лиҳоз, таъкид менамоям, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ҳамкории зич бо мақомоти назоратӣ ба роҳ монда шуда, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.  

Дар ҷамъбасти мулоқот  Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим  маҷмуан аз ҷараёни корҳо ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Ба ақидаи ӯ, ислоҳоти соҳа ба таври қатъӣ бо барномаи таҳияшуда мувофиқат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *