Қитъаи “Қизилқалъа-Бохтар”- и роҳи роҳи автомобилгарди “Душанбе –Бохтар”  ба истифода дода шуд

Қитъаи “Қизилқалъа-Бохтар”- и роҳи роҳи автомобилгарди “Душанбе –Бохтар” ба истифода дода шуд

Имрӯз қитъаи “Қизилқалъа –Бохтар”- и роҳи автомобилгарди “Душанбе –Бохтар” мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ба ин муносибат баргузоршуда Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония(JICA)  Акихико Танака ва Сафири Япония дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим  ва  Раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид ба Ҳукумати Ҷопон барои кӯмак ва дастгирии доимии рушд нақлиёт ва дигар соҳаҳои кишвари мо  миннатдорӣ баён намуданд. Гуфта шуд, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастури супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати хуби ҳамкориро бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Ҳукумати Ҷопон ба роҳ мондааст.

      Зикр гардид, ки корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар” моҳи июни соли 2021 оғоз ёфта, моҳи майи соли 2023 пурра ба анҷом расиданд.

Маблағи умумии гранти ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон 3,2 миллиард йени ҷопонӣ (тақрибан 31 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчӣ ширкати ҷопонии “CTI Engineering international, Co., Ltd.” ва пудратчии асосӣ ширкати ҷопонии “Dai  Nippon Construction” мебошанд.

Дар татбиқи лоиҳа 30 нафар мутахассиси хориҷӣ ва зиёда аз 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ, инчунин техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонии ҳозиразамон ҷалб гардида буданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 апрели соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии лоиҳа шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва саҳми мутахассисони ҷопонӣ баҳои баланд доданд ва ба Ҳукумати Ҷопон барои кӯмакҳои пайваста дар самти дастгирии рушди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои инфрасохтор, кишоварзӣ ва тандурустӣ изҳори сипос намуданд.

Роҳи лоиҳавӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардидааст ва ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои  хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиётӣ, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.

Президенти JICA Акихико Танака аз ҳамкории Ҷопон бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон изҳори каноатмандӣ карда,  аз лоиҳаҳои  дигари Агентии ҳакмкориҳои байналмилалии Япония дар соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ёдовар шуд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *