«НАҚЛИЁТ – АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ МУРАТТАБИ ТАМОМИ ИҚТИСОДИЁТ». Ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти ҶТ баргузор гардид

«НАҚЛИЁТ – АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ МУРАТТАБИ ТАМОМИ ИҚТИСОДИЁТ». Ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти ҶТ баргузор гардид

Рӯзи ҷумъа, 13 октябр дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи  вазорат баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти корхонаву муассисаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар 9 моҳ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара роҳбарияти вазорат, роҳбарони идораҳо ва шӯъбаҳои он, роҳбарони корхонаю муассисаҳои соҳаи роҳу нақлиёт ва шахсони масъули дигар вазорату идораҳои кишвар ширкат намуданд.

«Нишондиҳандаҳои соҳа имсол тамоюли беҳтар шудан доранд, аммо пешрафтҳо набояд моро саргарм кунанд, зеро кор дар бисёр самтҳо ҳанӯз ҳам  қонеъкунанда нест, — гуфт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронии худ дар ҷаласа. — Барои рушди соҳа ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд анҷом диҳем. Дар робита ба ин, зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда шавад, ҳар кас бояд софдилона кор карда, вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо бетаъхир иҷро намояд”.

Вазири нақлиёт вазифаҳои афзалиятнокеро, ки имрӯз дар назди соҳа истодаанд, махсус таъкид кард.

«Нақлиёт асоси  фаъолияти мураттаби  тамоми иқтисодиёт аст, он дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад», –  зикр кард вазир. — Қатъи ҳаракати нақлиёт ҳатто дар муддати кӯтоҳ барои мусофирон мушкилот ва нороҳатиҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад ва  боиси болоравии нархи молу маҳсулот мегардад».

Дар робита ба ин,  Азим Иброҳим  ба роҳбарони муассисаҳои маҳаллии нақлиёт ва нигоҳдории роҳҳо супориш дод, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 фаъолияти бефосила ва самарабахшро таъмин намоянд.

   Ба масъулин ҳамчунин супориш дода шуд, ки корҳои сохтмониро босифат ва сари вақт иҷро намуда, камбудиҳои мавҷуда дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро бартараф намоянд, аз  иҷозатномаю рухсатномаҳои  байналмилалӣ дуруст истифода баранд ва барои татбиқи марҳилаи якуми «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027″тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *