КАМБУДИҲОИ ҶИДДӢ ОШКОР ГАРДИДАНД. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои нақлиётии кишвар мулоқот кард

КАМБУДИҲОИ ҶИДДӢ ОШКОР ГАРДИДАНД. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои нақлиётии кишвар мулоқот кард

Рӯзи шанбе, 16 декабр дар Душанбе мулоқоти кории Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарони корхонаҳои нақлиётии кишвар, ки бо боркашонӣ ва мусофиркашонӣ машғуланд, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини Вазир Шоиста Саидмуродзода, ки ин бахши соҳаро назорат мекунад, инчунин роҳбарони сохторҳои далдори Вазорати нақлиёт ва идораю муассисаҳои тобеи он, сарварони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ иштирок карданд.    

      Вазир зикр намуд, ки нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад ва рушди пайвастаи он ба рушди дигар бахшҳои иқтисодиёт ҳамчун нақши калидӣ мусоидат менамояд, зеро вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ 93 фоизи ҳамлу нақли бору маҳсулот дар миқёси мамлакат тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад. «Дар робита ба ин, — таъкид кард ӯ, — таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ хеле муҳим аст ва рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, софдилона ва босамар аз ману шумо, масъулони соҳа, вобаста аст».

      Мавриди зикр аст, ки чунин вохӯриҳо ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол баргузор мешаванд. 1 июли соли равон Вазир бо роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои нақлиётӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот кард. Аммо, ба гуфтаи ӯ, имрӯз сатҳ ва сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар мусофирбарӣ ва боркашонӣ, инчунин риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва техникаи бехатарӣ ба талабот ҷавоб намедиҳад. Тасодуфӣ нест, ки шаҳрвандон аксар вақт дар ин бора тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. «Аз ин рӯ, мо зарур донистем, ки бори дигар бо шумо вохӯрӣ гузаронем, то камбудиҳои мавҷударо якҷоя бартараф созем», — афзуд Вазир.

       Бо истинод ба маълумоти омории соҳа, Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ тавассути системаи нақлиёти автомобилии Вазорати нақлиёт 32 млн.655 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 14 фоиз зиёд аст.

       Ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ 2 млн.230 ҳазор тонна ё 100,5% — и ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дод.  Ҳамлу нақли байналмилалӣ асосан бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Узбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Туркия ва Эрон амалӣ карда шуд.

      Аз ҳаҷми умумии интиқоли байналмилалии борҳо воридот 1 млн.250 ҳазор тонна, содирот 980 ҳазор тоннаро ташкил дод. Яъне, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, воридот мутаносибан 22% зиёд гашта, содирот, баръакс,18% коҳиш ёфтааст. Камшавии ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби коҳиши интиқоли семент ва ангишт ба амал омад.

       Таҳлили нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳад, ки ҳаҷми боркашонӣ дар маҷмӯъ 14 фоиз афзудааст, ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии бору маҳсулот сол аз сол бештар шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 58 фоизро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки то соли 2020 ин нишондиҳанда дар доираи 45-50% ба қайд гирифта мешуд.

      Тибқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, имрӯз дар кишвар 228 корхонаву ҷамъиятҳо, аз ҷумла 76 корхонаи боркашонӣ, 106 корхонаи мусофирбарӣ ва 46 корхонаи интиқоли омехта (бор ва мусофирбарӣ) ба қайд гирифта шудаанд, ки тибқи иҷозатнома кор мекунанд. Иҷозатномадиҳии интиқоли мусофирон ва борҳо бо нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

       Аз ин шумора 8 корхона дар шаҳри Душанбе (ҶДММ «Нони Шохон», ҶДММ «Эксимо мастер», ҶДММ «Анатис», ҶДММ «Чашма трейд», ҶДММ «Иқтидор», ҶДММ «Таҷез», ҶДММ «Файза», ҶДММ «Туркувет – Трейд») барои интиқоли борҳо барои эҳтиёҷоти худ иҷозатнома гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, таҳлили  фаъолияти корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ нишон дод, ки аз шумораи умумии 228 корхона ва ширкатҳое, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, 19 ададашон (аз ҷумла 10 адад дар шаҳри Душанбе, 8 адад дар вилояти Суғд ва 1 корхона дар вилояти Хатлон) кор намекунанд.

      «Мутаассифона, аз ширкатҳо ва ҷамъиятҳое, ки ҳоло  кор мекунанд, фаъолияти на ҳамаашон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, — изҳор дошт Вазири нақлиёт Азим Иброҳим. —  Мутахассисони зарурӣ надоранд, таҷҳизот ва заминаи моддию техникӣ, ки шартнома талаб мекунад, надоранд.  Чунин вазъ боиси он гардидааст, ки на ҳама корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ ба мизоҷон босифат ва босамар, мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қоидаҳои интиқоли бор ва мусофирон хизмат мерасонанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки вақтҳои охир одамон тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти ғайриқаноатбахши нақлиёти мусофирбарӣ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, муносибати дағал ва  бефарҳангонаи ронандагон ва ба истилоҳ «пулчинакҳо» бо мусофирон, инчунин дар бораи  рух додани садамаҳои нақлиётӣ  изҳори нигаронӣ мекунанд».

       Азим Иброҳим дар пайи ин мавзуъ садамаи фоҷиабори чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб баамаломадаро, ки боиси марги чанд нафар ва зиёни моддӣ ба  аҳолӣ гардид, мисол овард. Садама аз сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдоиши норасоиҳои техникӣ ва аз уҳдаи идоракунии воситаи нақлиёт набаромадани ронанда рух дод. Мошин ба чанд воситаҳои нақлиёти дигар бархӯрда, ду хонаи истиқоматии шаҳрвандонро хароб кард.

      Дар робита ба ин ҳолат, бо супориши роҳбарияти Вазорати нақлиёти ҶТ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки он фаъолияти  муассисаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, минтақаҳои Ҳисор ва Раштро мавриди санҷиш қарор дод. «Гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки дар фаъолияти як қисми ин корхонаҳо ва ширкатҳо шартҳои иҷозатнома ва талаботи сертификати мутобиқати кор ва хизматрасонӣ риоя карда намешаванд», —  гуфт Вазир.

                                                             ***     

      Муайян карда шуд, ки на дар ҳамаи корхонаҳои нақлиётӣ талабот ба гузаронидани муоинаи тиббии ронандагон, инчунин муоинаи техникӣ ва таъмири автомобилҳо, ки бевосита бо таъмини бехатарии  ҳамлу нақл алоқаманданд, риоя карда мешаванд.

      Дар коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории қариб ҳамаи ширкатҳо ва ҷамъиятҳои нақлиётии кишвар камбудиҳои якхела ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дафтарҳои бақайдгирии мақомоти танзимкунанда, муоинаи тиббии ронандагон, муоинаии техникии воситаҳои нақлиёт ба талабот ҷавобгӯ нестанд, саҳифабандӣ ва мӯҳр зада нашудаанд. Дар аксари ширкатҳо ва ҷамъиятҳо нисбат ба ҳар як ронанда ҷузвдони алоҳида бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ташкил карда нашудааст. Ҳолатҳое ошкор карда шуданд, ки шахсони масъул бидуни гузаронидани муоинаи техникии воситаи нақлиёт дар роҳхатҳо имзои корманди тиб ва механикро гирифта, мӯҳр монда, ба ронанда якбора то 2-3 адад роҳхат медиҳанд.

      ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД. Ба гуфтаи Вазир, чунин камбудиҳо дар фаъолияти ҶДММ «Логистик», ҶДММ «Амирон транс», ҶДММ «Ориён нақлиёт», ҶДММ «Қосимҷон», ҶДММ «Зафар транс», ҶДММ «Малик нақлиёт», ҶДММ «Авесто транс», ҶСК «Савия» ҷой доранд. Маводҳои дахлдор барои боздоштани мӯҳлати иҷозатномаи онщо ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шуданд.

        Инчунин ҳолатҳое ошкор карда шуданд, ки корхонаи нақлиётӣ худ базаи моддӣ-техникӣ надорад, бино барои қараргоҳи худ ва гудоли (чоҳи) санҷиши автомобилро дар қаламрави  корхонаи дигари нақлиётӣ ба иҷора мегирад ва ҳамзамон бо ширкати дигари нақлиётӣ дар бораи гузаронидани муоинаи тиббию техникӣ шартнома мебандад. Масалан, ҶДММ «Дархост» худ иҷоранишин дар идораи ҶСК «Сайёр» ва дорои 216 мошини боркашонӣ ва 80  мошини  мусофирбар мебошад, аммо боз, аз 1 январи соли 2023 бо ҶДММ «Инноватсияи ояндасоз», ки 456 адад таксӣ дорад, барои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва техникӣ шартнома бастааст, дар ҳоле ки устои механики ҷамъияти «Дархост» 87-сола аст ва ҷисман наметавонад ин қадар воситаи нақлиётро ҳар рӯз аз муоинаи техникӣ гузаронад. 

        Айнан ҳамин тавр ҶДММ «АРЗ-4», ҶДММ «Газелтранскомпания», ҶДММ «МНА – 35», ҶСК «Сорбон», ҶДММ «Арсенал», ҶДММ «Танзим» бо  бо дигар ширкатҳо «ҳамкорӣ» мекунанд. Ин усули кор аз он шаҳодат медиҳад, ки на танҳо вазифаҳои масъули дар ин самт гузошташуда тибқи талабот иҷро намегарданд, балки бехатарӣ дар интиқоли мусофирон ва борҳо тавре, ки мебояд, кафолат дода намешавад.  

       Гурӯҳи корӣ барои рафъи камбудиҳо ва риоя накардани шартҳо ва талаботҳои иҷозатнома дар маҷмӯъ нисбат ба 18 ширкат ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии вилоят (ҶДММ «Ориён нақлиёт», ҶДММ «Зафар-транс», ҶДММ «Транскомпания аэлита», ҶДММ «Авесто-транс», ҶДММ «АТП-33», ҶДММ «МНА-35», ҶДММ «Танзим», ҶДММ «Наҷот», ҶДММ «Султон нақлиёт», ҶДММ «Амирон транс», ҶДММ «Инноватсияи ояндасоз», ҶДММ «Коваи Истаравшан», ҶДММ «Савия», ҶСК «Боркашон», ҶСК «б-Даврон», ҶДММ «Шуҳрат сервис», КТ «Некрӯз-К», ҶДММ «Мастчоҳ нақлиёт») аз рӯи моддаи 511 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҶТ санадҳо тартиб дода, барои баррасӣ ба суд фиристода шуданд.

         Инчунин барои ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарони 21 корхона (ҶДММ «Ю-транскомпания», ҶДММ «Чарх», ҶДММ «Восток-Транс сервис», ҶДММ «Бобоӯлмас», ҶДММ «Муҳаммад-транскомпания», ҶСК «Сайёр», ҶДММ «Арсенал», ҶДММ «Наҷот», ҶДММ «Қанд эксресс», ҶДММ «Сафар қанд», ҶДММ «Рахш РМ», ҶДММ «Иттиҳодияи автовокзалҳо», ҶДММ «Газел транс компания», ҶСК «АРМЗ- 4», ҶДММ «Довуд», ҶДММ «Шодиёна Б», ҶДММ «Транскомпания аэлита», ҶДММ «Авесто транс», ҶДММ «АТП -33», ҶДММ «МНА -35», ҶДММ «Танзим») огоҳинома дода шуд.

         ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА МИНТАҚАИ ҲИСОР. Дар ҷараёни санҷиш маълум шуд, ки 11 корхона (ҶДММ «Нони Шоҳон», ҶСК «Саманд», ҶДММ «Чашма Трейд», ҶДММ «Иқтидор», ҶДММ «Туркуаз Трейд», ҶДММ «Камолот Тиҷорат», ҶДММ «Эскимо мастер», ҶДММ «Фаиза», ҶДММ «Тоҷ –ЭТ», ҶСК «Сохтмони махсус», ҶСК «Точикгидромонтаж»)  бо истеҳсолоти саноатӣ ё сохтмон машғуланд ва  барои эҳтиёҷоти худ дар соҳаи нақлиёт иҷозатнома гирифтанд. Дар робита ба ин, ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва  МД «Нақлиёти  томобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» супориш дода шуд, ки оид ба ин далелҳо чораҳои дахлдор андешанд.  

      Дар маҷмӯъ, 30 корхонаи нақлиётии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он барои рафъи камбудиҳои мавҷуда оид ба риоя накардани шартҳо ва талаботи иҷозатномадиҳӣ ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ даъват гардида, нисбати онҳо чораҳо андешида шуданд.

      Аз ҷумла, бо қарори Комиссияи иҷозатномадиҳӣ, аз ҷониби Хадамоти давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба ҶДММ «ЛТД Анвар», ҶДММ «Билол-транс, ҶДММ «Сумаё», ҶДММ «Роҳнавард», ҶДММ «Маҷмааи Шаҳринав, ҶДММ «Бунёд ҷаҳони орзуҳои Шумо», ҶДММ «Сино МС», ҶДММ «Ганҷи дунё», ҶДММ «Нақлиётгаз 2004», ҶДММ «Тоҷиктрансэкспресс», ҶДММ «Сервис газ», ҶДММ «Нони Шоҳон», ҶДММ «Усто Амир», ҶДММ «Нур», ФҶДММ «ДАТ–Транс», ҶДММ «Сорбон нақлиёт», ҶДММ «Сомон нақлиёт», ҶДММ «Директ сервис», ҶДММ «Таҷ Тай», ҶДММ «Равон- нақлиёт», ҶДММ «Субҳи Душанбе», ҶДММ «Аҳмар», ҶДММ «Волга МС», ҶСК «Саманд», СИ Мажидов, СИ Ҳамзаев, СИ Шарипов Т, ҶДММ «Рушди воридот», ҶДММ «Транс сервис», ҶДММ «Автотранс»    ҷиҳати рафъи нуқсонҳо амрнома ба муҳлати як моҳ дода шуд.

       Ҳамзамон маълум гардид, ки ҷамъиятҳои нақлиёти боркашонӣ ҶДММ «Сомон нақлиёт», ҶДММ «Директ сервис», ҶДММ «Таҷ тай», ҶДММ «Равон нақлиёт», ҶДММ «Нури истиқлол-2015», ҶДММ «Ният», ҶДММ «Корвон нақлиёт хизматрасон», ҶДММ «Некзод мусофиркаш», ҶДММ «БНА», ҶДММ «Шариф -2010», ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон» дар суроғаи ҳуқуқии дар иҷозатнома дарҷгардида фаъолият намекунанд.

      ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (Минтақаи Бохтар). Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 18 ширкат ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд: ҶДММ «Автоэкспресс», филиали ҶДММ «Сайёҳон» (бренди 33-33) ва филиали ҶДММ «Сабоҳ-Т»-ноҳияи Ёвон, ҶДММ «Хизматрасон 11» ноҳияи Ҷайҳун   ва дигарон.

       Дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид, ки ҶДММ «Успех» дар шаҳри Сарбанд ба қайд гирифта шудааст, аммо фаъолияти худро, ки ба шартҳо ва талабот ҷавобгӯ нест, дар назди бозори «Фаровон» » — и шаҳри Бохтар  ба роҳ мондааст.

Дар ягон ширкат муоинаи техникии (МТ-1 ва МТ-2) воситаҳои нақлиёт гузаронида намешавад. Дар баъзе корхонаҳо мутахассиси тиб ё механик маълумоти зарурӣ надоранд, ҳатто чунин басти корӣ мавҷуд нест. Барои риоя накардани шартҳо ва талаботи иҷозатнома Гурӯҳи корӣ нисбат ба 7 корхонаи нақлиётӣ (ҶДММ «Хизматрасон-11», ҶДММ «Ҳакназари кабуд», ҶДММ «Автоэкспресс», ҶДММ «МПМК Хоҷа Мастон», ҶДММ «Корвони Уялӣ», филиали «Сайёхон», «Сабоҳ Т», ҶДММ «Қӯрғонтеппа нақлиёт») тибқи моддаи 511 Кодекси ҳуқукқвайронкунии маъмурии ҶТ санадҳои зарурӣ тартиб долда, ба баррасии судҳо фиристода шудаанд.

       ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (Минтақаи Кӯлоб). Дар ин минтақа 18 ширкат ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти ҶДММ «Идрис транспорт»- и  ноҳияи Ҳамадонь, ҶДММ «Билол транс», ҶДММ «Нуралиён» (Кӯлоб такси –ТТ03) ба шартҳо ва талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгӯ нест.

      ҶДММ «Гулистон-М» — и ноҳияи Восеъ танҳо барои фаъолияти қароргоҳаш иҷозатнома дорад,  вале аз ҷониби МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» ба ин ҷамъият дастур дода шудааст, ки ба хатсайрҳои «Деҳаи Гулистон — шаҳри Кӯлоб» ва «Деҳаи Гулистон — шаҳраки Восеъ» хидмат расонад ва роҳбари ҷамъият ба ронандагони дар идораи корхона, ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доранд, роҳхат медиҳад.  Ҳуҷҷатнигории дуруст ва заминаи моддию техникӣ вуҷуд надорад. Танзимгарон аз ронандагон бевосита дар чорроҳаи серодами «Гулистон» маблағ меситонанд.

       Барои риоя накардани шартҳо ва талаботи иҷозатнома аз ҷониби Гурӯҳи корӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдори ширкатҳои нақлиётии минтақаи Кӯлоб —  ҶДММ «Гулистон», ҶДММ «Нуралиён», филиали ҶДММ «Чакани Хатлон»  санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ   тартиб дода, барои баррасӣ ба суд фиристода шуданд.

       МИНТАҚАИ РАШТ. Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 11 корхонаи нақлиётӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои риоя накардани шартҳо ва талаботи иҷозатнома аз ҷониби Гурӯҳи корӣ нисбати ҶДММ «Диловар транспорт», ҶДММ «Терминали Рамазон» ва ҶДММ «Дарбанд» санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шуданд.

      Муайян гардид, ки ҶДММ «Транспорт сервис»- и ноҳияи Рашт ва ҶДММ «Ояндасози байналмилал» дар шаҳри Ваҳдат фаъолияти худро қатъ кардаанд. Барои андешидани чораҳо ҷамъиятҳои зикршуда ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шуданд.

       Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ, Гурӯҳи корӣ нисбати 31 корхонаи нақлиётии мамлакат тибқи моддаи 511 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадщои дахлдор тартиб дода, маводҳо барои баррасӣ ба мақомоти судӣ супорида шуданд. Илова бар ин, барои бартараф кардани камбудиҳо ба 66 корхона огоҳиномаҳо ва амрномаҳо ирсол гардиданд.      

                                                            ***

Дар фарҷоми суханронии худ Вазири нақлиёти Ҷт Азим Иброҳим зарурати мувофиқа кардани мавқеи тарафҳоро байни ширкатҳои хусусӣ ва воҳидҳои сохтории Вазорати нақлиёти ҶТ таъкид кард. «Ин ба корхонаҳои нақлиётӣ барои расонидани хидматҳои босифат ва муассири нақлиётӣ ба мизоҷони худ имкон фароҳам меорад», — гуфт ӯ.

  Вазири нақлиёт изҳор дошт, ки айни замон ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ  ба роҳ мионда шудааст, шумораи ҳуҷҷатҳои имзошуда 55 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 25 созишномаи дуҷониба бо 15 санадҳои байнидавлатӣ мебошанд.

       Ба гуфтаи Вазир, соли ҷорӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон дар доираи сафарҳои давлатӣ ва кории роҳбарияти олии кишвар 1 созишнома ва 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

       Зикр гардид, ки Вазорати нақлиёти ҶТ ҳар сол бо назардошти талаботи интиқолдиҳандагон квотаи табодули иҷозатномаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ муайян мекунад, ки дар соли 2023 бо 20 давлат дар маҷмӯъ 77 210 адад муайян карда шудааст. Дар ин замина, то 1 декабри соли равон мо аз кишварҳои хориҷӣ 73 267 адад иҷозатнома мегирем ва дар навбати худ чунин ҳуҷҷатҳоро ба шарикони хориҷии худ 56 350 адад медиҳем. Ҳамин тавр. шумораи иҷозатномаҳои воридотӣ нисбат ба соли 2022 аз 16 802 адад зиёд аст.

        «Ҳамаи ин ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ,  фаъолияти бехатари системаи нақлиётӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасониҳо равона шудааст», — хулоса кард Вазири нақлиёт Азим Иброҳим.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *