Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор, ки дар доираи Ҳафтаи устувори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон аҳаммияти низоми нақлиёти устуворро, ки дар пешбурди рушди иқтисодӣ, густариши занҷирҳои ҷаҳонии таъминот, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди имконияти баробар дар кишварҳои камтараққикарда, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ (LDC, LLDC, SIDS), бавижа раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим дорад, таъкид кард.

Инчунин Ҷонибек Ҳикмат оид ба имконияти нақлиётии Тоҷикистон, аз ҷумла мавҷудияти якчанд долони бузурги соҳа, ки  тавассути қаламрави мамлакат баҳри табодули тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, пешбурди робитаҳои минтақавӣ ва рушди устувор, ки бевосита дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи дарпешистодаи СММ оид ба нақлиёти устувор, солҳои 2026-2035 мусоидат мекунанд, иттилоъ дод.

Ҳамзамон зарфияти устувори экологӣ дар мамлакат, тавлиди энергияи тоза, истифодаи технологияҳои рақамӣ, инчунин ҷорӣ намудани барномаҳои мухталифи ин самтҳо дар саросари мамлакат  таъкид гардид.

Ҳафтаи устувор бо ташаббуси Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардида, зимни он, ки   15 апрел шуруъ шуда, 19 апрел ба анҷом мерасад, силсилачорабиниҳои сатҳи баланд дар бахшҳои муҳим, аз ҷумла сайёҳӣ, инфрасохтор, энергетика ва нақлиёт баргузор мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *