Миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва борҳо созишнома ба имзо расид

Миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва борҳо созишнома ба имзо расид

24 апрели соли 2024 дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва борҳо» ба имзо расид.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Италия Эдуардо Рикси – муовни Вазири инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Италия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки Созишномаи мазкур ба тавсеаи ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори боркашониҳои байналмилалии автомобилӣ ва транзитӣ ва бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии пешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *