Очередное Совещание министров транспорта государств-членов ШОС

Очередное Совещание министров транспорта государств-членов ШОС

12 мая 2022 года в гибридном формате в г.Хиве (Республика Узбекистан) под председательством узбекской стороны состоялось девятое Совещание министров транспорта государств-членов Шанхайской организации сотрудничества.

С приветственным словом к участникам встречи обратился Генеральный секретарь ШОС Чжан Мин, отметивший, что пандемия COVID-19 и нарастающая международная напряженность стали серьезными испытаниями для экономик и, особенно, транспортной отрасли во всех государствах мира, включая страны ШОС. Он подчеркнул важную роль транспорта в расширении торгово-экономического сотрудничества и контактов между людьми.

В фокусе повестки дня Совещания стояли вопросы текущей ситуации в транспортной сфере и возможностей дальнейшего развития взаимодействия в рамках Организации с упором на цифровизацию отрасли. Отдельное внимание было уделено мерам, предпринимаемым государствами-членами ШОС по противодействию распространению коронавирусной инфекции на транспорте.

Министры поддержали проект Концепции сотрудничества государств-членов ШОС по развитию взаимосвязанности и созданию эффективных транспортных коридоров, которую после окончательной доработки предполагается внести на утверждение на заседании СГГ ШОС в сентябре с.г.

Следующее Совещание министров состоится в 2023 году в Республике Индия.

Тавре ки иттилоъ додем, ҷаласаи 9 – уми вазирони нақлиёти  кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рўзҳои 11-12 майи соли 2022 дар шаҳри Ургенҷи (Хива) Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид. Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи мазкур намояндагони  Вазорати нақлиёт бо роҳбарии Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ аз 10 то 12 уми май дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд.

         Вазирони нақлиёт ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви СҲШ вобаста ба соддагардонии раванди ҳамлу нақл ва транзит, рушди соҳаи нақлиёт дар давраи пас аз пандемия, таъмини пайвасткунии шабакаҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, инчунин рушди фаъолияти дигар намуди нақлиёт таклифу пешниҳодот  оид ба ҳамкории судманд дар доираи СҲШ дар минтақа баён намуданд.

        Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии худ  аз фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай бо кишварҳои аъзо ва ҳадафҳои Тоҷикистон дар самти мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёт дар минтақа ёдовар шуда, омодагии кишварро барои ҳамкории судманд ва дарёфти роҳҳои рушди босубот баён намуда, бо мақсади таъмини рушд ва густариши ҳамкориҳо дар соҳа дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои СҲШ ва минтақа таклифҳои судманд ба миён овард.

       Татбиқи низоми e-CMR ва рухсатномаҳои электронӣ дар кишварҳои аъзои СҲШ, оғози корҳо дар доираи СҲШ оид ба ҷорӣ намудани системаи интеллектуалии идоракунии роҳҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК), муттаҳид намудани кишварҳои  аъзои СҲШ барои ҳамгироии марказҳои логистикии кишварҳо бо мақсади ба даст овардани самараи бештар аз рушди боркашонии байналмилалӣ дар фазои СҲШ аз ҷумлаи ин пешниҳодот буданд.

          Вазири нақлиёти кишвар ҳамчунин қайд кард, ки  хеле ба маврид мебуд, агар фаъолияти Комиссияи муштарак барои ҳарчи зудтар ба истифода додани шаш хатсайри автомобилӣ, ки дар доираи Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ (соли 2014 дар ш.Душанбе) муайян шудааст, пурзур карда шавад. Аз Котиботи СҲШ хоҳиш ба амал овард, ки масъала мавриди таваҷуҳи хоса қарор дода шавад.

         Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар таҳия намудани заминаи ҳуқуқӣ ва татбиқи созишномаҳо оид ба фаъолияти бефосилаи нақлиёт дар шароити пандемия ва ҳолатҳои фавқулодда барои ҳамлу нақли молҳои ниёзи аввалиндараҷа, аз ҷумла ғизо ва доруворӣ тадбирҳо андешида шуда,  хатсайрҳои мусофирбарии байналмилалии автомобилӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ аз нав барқарор карда шаванд.

           Пешниҳоди дигари Тоҷикистон  ин буд, ки бо назардошти он, ки соли 2016 бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ лоиҳаи Барномаи рушди роҳҳои СҲШ қабул гардида, бо гузашти шаш сол дар иҷрои супориши сарвазирон пешравӣ дида намешавад, корҳои экспертӣ оид ба мувофиқа кардани Барномаи рушди СҲШ тезонида шавад. Зеро ин амал метавонад ҳамчун тадбири иловагӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳои узви СҲШ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат намояд.

Вазири нақлиёти кишвар ҳамчунин илова кард, ки лоиҳаи Стратегияи ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар заминаи рушди робитаҳои мутақобила, долонҳои муассири иқтисодӣ ва нақлиётӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, ҷонибдорӣ гардида, қабули Стратегияи мазкур аз ҷониби сарони давлатҳоямон дар нишасти сарони СҲШ моҳи сентябр дар Самарқанд мувофиқи мақсад ҳисобида шуд.

          Дар фарҷоми ҷаласа бо мақсади густариши  ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи нақлиёт  Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *