Баррасии мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд

Баррасии мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд

Масъалаи вазъи воқеӣ ва мушкилоти фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар кишвар мавриди баррасии вохўрии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ ва кормандони соҳаи мазкур, ки 13 майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид қарор гирифт.

     Дар ҷаласа ҳамчунин муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, сардори ХДНТ дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ, сардори МД “НАХЛ” Раҳмиддин Саломзода, роҳбарони раёсату корхонаҳои нақлиёт, гумрук, роҳбарони ҷамъият ва ширкатҳои нақлиётӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок доштанд.

     Нахуст, вазири нақлиёти кишвар оид ба  фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ, мушкилот дар самти истифодаи рухсатномаҳо аз ҷониби ширкатҳо, монеаҳои кор дар ҷамъият ширкатҳои нақлиётии дар самти байналмилалӣ   ва ширкатҳои дар дохили кишвар фаъолияткунанда, варақаҳои борхату роҳхат, рақамикунони соҳа ва дигар масоили марбута сухан карда, ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

      Ҳамчунин аз иштирокчиёни вохўрӣ даъват кард шуд, ки оид ба  пешравии кор, сабабҳои сар задани нуқсонҳои кор ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта фикрҳояшонро баён доранд.

   Сипас, аз ҷониби иштирокчиён оид ба масоили нарху навои роҳхату борхат,  ба роҳ мондани рақамкунонии соҳа, дастраскунии рухсатномаҳо, масъалаи баркашӣ ва сертификатсиякунонии соҳа пурсишу дархостҳо ба миён гузошта шуда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёт ҷавобҳои қонекунанда гирифтанд.

      Муфассал аз рафти вохўрӣ дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи “Нақлиёт” маълумот хоҳем дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *