Роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаҳои 4-5-и лоиҳа дохил шуданд

Роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаҳои 4-5-и лоиҳа дохил шуданд

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар доираи сафари  корӣ ба Бадахшон дар роҳи байналмилалии мошингарди «Душанбе —  Кулма» бо ҷараёни корҳои таҷдиди қитъаи  «Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон»  шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Бо  супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди сатҳи байналмилалии «Душанбе-Кулма» дар  қитъаи «Дарвоз -Ванҷ» то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон оғоз ёфта, давоми нуҳ моҳ роҳсозон  мавзеъҳои мушкилтарини ин масирро тахту ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаи 4-ум ва 5-уми лоиҳа дохил шуданд.

Қитъаи «Дарвоз-Ванҷ-даромадгоҳи Рӯшон» яке аз хатарноктарин қисмати   роҳи байналмилалии мошингарди  «Душанбе — Кулма» ба ҳисоб рафта, ронандагону мусофирони мошинҳои мусофирбару боркаш бо мушкилии зиёде ин масирро тай мекунанд.   Давоми чанд моҳи охир роҳсозон ба сардии ҳаво ва боронҳои пай дар пай  нигоҳ накарда, корҳоро дар қитъаҳои хатарнок идома дода истодаанд. Дарозии ин қитъа ҳарчанд 107 километр аст, ронандагон ин масофаро ба иллати сангрезиву  селфуроӣ бо мушкилии зиёд тай менамуданд.

Корҳои лоиҳакаширо дар ин қисмати роҳ мутахассисони КВД  «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»- и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ  анҷом додаанд. Алҳол дар километри 40-уми ин роҳ сохтмони 6 пули мошингузар, як долони зиддитармавӣ, 3 девори ҳимоявӣ, 66 новаи кушодаи селпарто ва чароғонкунии деҳаҳои аҳолинишин дар  назар аст ва иҷрои ин корҳо бар уҳдаи ширкати чинии зерпудратчии «Сензиан Бейсин» гузошта шудааст.

Шуруъ аз километри 580-уми деҳаи Дашти Язгулом ҶДММ «Аҳмадиён» бо истифода аз техникаи пуриқтидори роҳсозӣ ба тахту ҳамворкунии қитъаҳои душворгузари роҳ машғул мебошад. Гурӯҳи дигари роҳсозон корҳои хоккании пойдевори  роҳро анҷом медиҳанд.

Корҳои навсозӣ дар қитъаҳои алоҳидаи ҳудуди ноҳияи Ванҷ тибқи лоиҳа пеш мераванд. Роҳсозон қуллаи кӯҳро тавассути экскаватори дорои болғаи гидравликӣ  ба замин ҳамвор мекунанд,  то дар оянда лағзиши кӯҳпора, сангу хокро, ки боиси хароб ва басташавии роҳ мегардад, комилан аз байн баранд.

Дар мавзеи Хумроғӣ аз километри 73 -300 то 73 — 500 корҳои заминканӣ аз моҳи июни соли гузашта шуруъ шуда буд ва коргарону мутахассисони ҶДММ «Сохтмон ва тиҷорат» бо истифода аз 10 таҳизоту техникаи пуриқтидор корҳои роҳсозиро мутобиқи нақша ва талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ пеш мебаранд. Дар мавзеи Сурхсангоби ноҳияи Ванҷ аллакай шаҳраки роҳсозон бунёд гардида, корхонаи истеҳсоли сангу шағал сохта шудааст.

Фармоишгари татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ҳамоҳангсози лоиҳа — Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» ва паймонкори асосии лоиҳа — ширкати чинии «Чайна роуд бришин корпарейшин»  мебошанд. Маблағгузории лоиҳаи роҳи байналмилалии «Душанбе-Қулма», дар қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» аз ҳисоби кумаки бебозгашти Чин аст, ки хароҷоти лоиҳавии он  2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Санги асоси ин қисмати роҳи байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2021 гузошта шуд.  Қитъаи мазкур кӯтоҳтарин масири роҳ то шоҳроҳи Қароқурум ва бандари Карочӣ буда, барои кишварҳои минтақа аз  лиҳози иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ  манфиатовар аст.  Яке аз натиҷаҳои асосии ин лоиҳа ҳаракати пайваста ва бемамониати нақлиёти автомобилӣ  дар масири Афғонистону Чин аз як тараф ва байни давлатҳои   Осиёи Марказӣ  хоҳад буд.

Роҳсозон бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани роҳи мазкур аз механизму техникаи пуриқтидори замонавӣ самаранок истифода мебаранд ва талош меварзанд, ки роҳи пурхавфу душворгузарро  ба ҷодаи тахту ҳамвор табдил диҳанд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мешаванд. Роҳ аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартияш 12 метрро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *