Дар Тошканд мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи нақлиёт баргузор гардид

Дар Тошканд мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи нақлиёт баргузор гардид

Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт, ки 6-7 июли соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар мулоқот ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Латвия, Дабири кулли ТРАСЕКА*, роҳбарони институтҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин намояндагони тиҷорат дар соҳаи логистика ва нақлиёт иштирок карданд.

Мулоқотро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳкамов  ифтитоҳ намуд. Сипас, муовини Сарвазири ҶУ Ачилбой Раматов ширкаткунандагонро шодбош гуфт.  

Дар мулоқот Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ кард. Вай изҳор дошт, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва инфрасохторӣ воситаи асосии таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз  ба ҳама маълум аст, ки барои ба даст овардани натиҷаи ягонаи иқтисодӣ таъмини фаъолияти самараноки нақлиёт ва рушди киштигардӣ бо истифода аз системаи мултимодалӣ, фаъолсозии бахши логистика ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамаи иштирокчиёни ин соҳа муҳим аст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ, ки ба бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ надорад, инчунин иштирокчии фаъоли конвенсияҳои байналмилалӣ  ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои рушди соҳаи нақлиёт  ҳамаҷониба дастгирӣ  мекунад», — гуфт Азим Иброҳим.

Вай тазаккур дод Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи стратегии табдил додани ҷумҳуриро ба минтақаи қулайи транзитӣ эълон намуда, гузаргоҳҳои афзалиятноки тиҷоратӣ ва транзитиро, ки аз қаламрави мо аз шарқ ба ғарб ва  аз шимол ба ҷануб мегузаранд ва аҳамияти байналмилалӣ доранд, муайян сохтааст.

 Вазири нақлиёти  ҶТ иттилоъ дод, ки корҳо оид ба истифодаи самараноки гузаргоҳи мультимодалии «Туркия – Эрон – Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон» бо дастрасӣ ба марзҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳумро имзо карданд, ки татбиқи он барои осон кардани ҳамлу нақли дуҷониба ва бисерҷонибаи байналмилалии автомобилӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин байни Агентии «Туркменавтоулаглари»-и назди Девони вазирони Туркманистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди нақлиёти байналмилалии автомобилӣ  Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.   Ба ҷуз ин,  Туркия ва Эрон низ барои васеъ кардани истифодаи самараноки ин долони нақлиётӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди алоқаи нақлиётии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа» лоиҳаи озмоишии Ҳуҷҷати Транзитии Ҷаҳонӣ (GTrD) рӯнамоӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи татбиқи ин лоиҳа роҳбарони TRACECA*, Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, инчунин намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии кишварҳои минтақа ва  мамолики хориҷӣ иштирок карданд.

Азим Иброҳим ҳамчунин зикр намуд, ки бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи Созишнома байни давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба алоқамандии ҳамлу нақли рӯизаминӣ таҳия ва мувофиқа гардида, имзои он дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, 14 — 15 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад,  ба нақша гирифта шудааст.

Вазир дар бораи рафти иҷрои корҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми электронии иҷозатномаҳо байни давлатҳои Осиеи Марказӣ иттилоъ дода, мутазаккир шуд, ки лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон ва мақомоти ваколатдори соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани иттилооти ягонаи низоми «Осиё-Пермит» оид ба табодули электронии варақаҳои иҷозатдиҳӣ барои интиқоли борҳои байналмилалӣ дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ 19-22 июни соли 2023дар Тошканд  баррасӣ гардид.   «Умедворам, — гуфт ӯ, — татбиқи ин система ба табодули электронии  иҷозатномаҳо барои интиқоли борҳои байналмилалӣ бо мақсади содда кардани расмиёти убури сарҳад ва рушди алоқаи байналмилалии автомобилӣ байни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард».

Вазири нақлиёти ҶТ бо истифода аз фурсат, стратегияи рушди иншооти нақлиётӣ ва инфрасохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба сохтмони иншооти логистикии нақлиётӣ,  аз ҷумла, маркази нақлиётӣ-логистикии Панҷи Поён, маркази нақлиётӣ-логистикии воқеъ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб,  маркази нақлиётӣ-логистикии Бохтар, маркази нақлиётӣ-логистикии Хуҷандро муаррифӣ намуд.  

Азим Иброҳим аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ ва сармоягузорон даъват кард, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок ва саҳмгузорӣ кунанд.

Дар суханронии Вазири нақлиёти ҶТ ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади риояи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи логистика, инчунин ҳамчун узви Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи «бандарҳои хушк» (UNESCAP, 2013) ба рушди соҳаи логистика диққати махсус медиҳад. “Мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на танҳо бо кишварҳои Аврупо ва Осиё ҳамкорӣ намоем, балки барои онҳо кишвари муносиби транзитӣ низ бошад”,- изҳор дошт ӯ.

Азим Иброҳим ба маълумоти иштирокчиёни мулоқот расонид, ки 24 апрели соли равон дар пойтахти Тоҷикистон байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ (ICTD) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи ин санад 12 июли  ҳамин сол дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА), дар доираи Форуми сиёсии СММ оид ба рушди устувори сатҳи баланд (HLPF)  ҳамоиши  махсус доир мегардад, ки дар он ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси маркази Минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар Душанбе (ICTD) пешниҳод ва баррасӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки таъсиси ин маркази минтақавӣ ба таҳия ва татбиқи нақшаҳо, чорабиниҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳо ҷиҳати таъмини Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи нақлиёт мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ин, иштирокчиёни вохӯрии ғайрирасмӣ дар Тошканд барои иштирок дар  ин ҳамоиш даъват карда шуданд.

_______________________________

*ТРАСЕКА (TRACECA: transport Corridor Europe Caucasus Asia) барномаи ҳамкории байналмилалӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои шарики ташкили  долони нақлиётӣ Аврупо –Қафқоз — Осиё.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *