ЧОРАБИНИИ КАНОРӢ ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ СИЁСИИ САТҲИ БАЛАНДИ СММ. Дар он ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баррасӣ гардид

ЧОРАБИНИИ КАНОРӢ ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ СИЁСИИ САТҲИ БАЛАНДИ СММ. Дар он ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баррасӣ гардид

12 июли 2023 дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, аз ҷумла ТРАСЕКА, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ чорабинии канорӣ баргузор намуд, ки дар он ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе муҳокима гардид.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба ҳайси модератори ин нишаст иштирок намуда, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии ифтитоҳии худ аз созмондиҳандагон ва иштирокдорони нишасти мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, оид ба ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар робита ба он ризоияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст, маълумоти муфассал дод.

Азим Иброҳим зимни ишора аз зарурат ва ҳадафи таъсиси ин марказ, зикр намуд, ки таъсиси нахустин Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар Душанбе яке аз рӯйдодҳои муҳими ин самт арзёбӣ гардида, он саҳми назарраси худрро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои марбут ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор  хоҳал гузошт.

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои камтараққикарда ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ хонум Фотима Рабаб зимни суханронии худ дар нашасти мазкур   баррассии мавзӯи чорабиниро саривақтӣ ва муҳим шуморид ва аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷонибдорӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки маърӯзачиёни дигари нишаст, аз ҷумла Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА, Котиби иҷроияи Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ассотсиатсияҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ  низ аз ин ташаббуси ҷумҳурии мо истиқбол намуда, таъсиси чунин Марказро муҳим донистанд.

Дар баробари ин, дар рафти нишасти зикршуда боз як ташаббуси муҳим, ташкили аввалин Озмуни ҷаҳонии донишҷӯён оид ба устувории занҷири таъминот пешниҳод гардид.

Бояд тазаккур дод, ки зарурати таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар 10-умин нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28 апрели 2023, Деҳлӣ, Ҷумҳурии Ҳиндустон) эълон шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *