ВАРАҚАИ ИТТИЛООТИИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТИИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.”

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт ба манбаҳои зерин муроҷиат намоед: Сомонаи Вазорати нақлиёт: www.mintrans.tj Телефони боварии Вазири нақлиёт: 221 17 13 Почтаи электронии вазир:minister@mintrans.tj 
Муассисаи давлатии рузномаи «Нақлиёт»    Телефон: 2222246e-mail: n.gazeta@list.ru  
Описание: D:\архив газета\Паспорт цветной\Паспорт.tif
    

ҲАМЛУ НАҚЛ ТАВАССУТИ ҲАМА НАМУДИ  НАҚЛИЁТ

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 тавассути ҳама намуди нақлиёт 53 млн. 610, 4 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 50 млн. 403,7 ҳазор тонна (113,6%) ва роҳи оҳан 3 млн. 206,2 ҳазор тонна (116,2%) бо гардиши умумии 5 млрд 205, 4 млн. тонна/км ва 443 млн. 251, 9 ҳазор мусофир, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 431 млн. 015, 7 ҳазор мусофир (108,3%), барқӣ 11 млн. 660,1 ҳазор мусофир (114,9 %) ва роҳи оҳан 215,2 ҳазор мусофир (100%) бо гардиши 5 млрд 671млн. мусофир/км интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар умум боркашонӣ 13.7%, гардиши бор 12, 3 мусофирбарӣ 8, 9 % ва гардиши мусофирон 19,6% зиёд гардидааст.

Ба ҳолати 01.07.2023с., дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 2429 (01.07.22с., 2201) субекти хоҷагидории шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ 2020 адад, хоҷагии роҳҳо 272 (69 МДНРА ва 203 корхона ва муассисаҳои роҳдорӣ) ва роҳи оҳан 137 корхона (корхонаҳои зертобеъи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва корхонаҳое, ки роҳҳои оҳани фаръӣ доранд), рост меояд.

НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Нақлиёти автомобилӣ бо назардошти куҳсор будани кишвар мавқеи хоса дошта, беш аз 94,0% бор ва 97,2% мусофир бо ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд.

Хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути 2020 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 227 корхонаҳои нақлиётӣ автомобилӣ (78 — боркаш, 83 — мусофирбар ва 66 – омехта, боркашу мусофирбар), 44 терминали мусофирбарӣ, 7 терминали боркашонӣ, 1668 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмири нақлиёт ва 74 қароргоҳи  нақлиёти автомобилӣ, инчунин 945 хатсайри мусофирбарӣ (182 шаҳрӣ, 614 наздишаҳрӣ, 136 байнишаҳрӣ ва 13 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Тавассути нақлиёти автомобилӣ дар умум дар ин давра 50,4 ҳазор тонна бор бо гардиши 5053,1 млн. тонна/км ва 431015,7 ҳазор мусофир бо гардиши 4702,8 млн. мусофир/км интиқол дода шуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли 2022 боркашонӣ 113,6%, гардиши бор 111,9%, мусофирбарӣ 108,3% ва гардиши мусофир 115%-ро ташкил дод.

Ҳамчунин бо нақлиёти байналмилалӣ 1,3 млн. тонна бор ва 18,9 ҳазор мусофир интиқол дода шуда, боркашонӣ 106,5% (гардиши бор 1,9 млрд тонна\км-102,2%) ва мусофирбарӣ 121,2%-ро (гардиши мусофирон 13,2 млн. мусофир км- 121,2%) ташкил мекунад. 

Дар ин давра 48 ҳазор рухсатнома барои интиқоли байналмилалӣ аз 20 кишвари хориҷӣ дастрас гардида, 38 ҳазор рухсатнома содирот гардида, рухсатномаҳои воридот нисбат ба содирот 10 ҳазор дона зиёд аст.

Бояд қайд намуд, ки аз кишварҳои  назди Балтика, Лаҳистон, Туркия, Россия рухсатномаҳо нисбат ба талаботи интиқолдиҳандагон кам  ворид шуданд. Вобаста ба ин масъала роҳбарияти Вазорат ба давлатҳои назди Балтика сафари корӣ анҷом дода, бо дигар кишварҳо корбарӣ намуда, рухсатномаҳо аз Латвия -1000 адад, Литва 700- адад ба мувофиқа расиданд, аз Федератсия Россия 5000 адад иловатан ворид карда шуд.

         Дар ин давра 38521 воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 16583 боркаш ва 21938 мусофирбар бо роҳхат фаро гирифта шудааст, ки 72,2% нақлиёти дар иқтисодиет фаолияткунандаро ташкил мекунад.

НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН

Нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмиллалии бор назаррас буда, 70 фоизи борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.

Тавассути роҳи оҳан зиёда аз 3,2 млн. тонна бор ва 215,2 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 боркашонӣ 16,6% зиёд ва мусофирбарӣ 100% ташкил намуд. Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ 83,9% воридот, 16,0% содирот ва 4,2%-ро боркашонии маҳалӣ (дохилӣ) ташкил мекунад.

Ҳамчунин  содирот 515,5 ҳазор тонна (аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 39 ҳазору 230 тонна), воридот 2690,7 ҳазор тонна ва боркашонии маҳаллӣ 137,3 ҳазор тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 содирот 75,3% (содироти маҳсулоти кишоварзӣ 59%), воридот 130,4% ва боркашонии маҳаллӣ 100,7%-ро ташкил дод. Воридот нисбат ба содирот 2175,2 ҳазор тонна ё 5,2 маротиба зиёд мебошад.

         Ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ дар самти боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30% то 80%  ва дар самти мусофирбарии байналмилаӣ дар мавриди хариди пешакии чиптаҳо вобаста ба муҳлатҳо аз 35 то 45% сабукиҳо пешниҳод шудаанд.

    Инчунин, дар қатораи мусофирбарии дохилии Душанбе — Кӯлоб нархи роҳкиро бо 60% сабукӣ муқаррар карда шудааст.

         Дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 54 вагон (51 боркаш ва 3 мусофирбар) аз таъмири асосӣ ва 214 вагон (208 боркаш ва 6 мусофирбар) аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуда, ба маблағи 3 млн. 322 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири хатти роҳ иҷро шудаанд.

НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

Дар ин давра корҳои нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 40,7 млн. сомонӣ ва аз буҷетҳои маҳаллӣ 6,2 млн. сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдорӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз буҷети ҷумҳуриявӣ 128,5% ва буҷетҳои маҳаллӣ 153,2%-ро ташкил дод.

Тибқи маълумотҳо аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 47,3 млн. сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 3,7 маротиба зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ 450,5 км роҳ (аз ҷумла асфалтпӯш 81,7 км ва 368,8 км шағалпӯш), 75 пул бо дарозии 1601 метр, 93 қубур бо дарозии 879 метр аз таъмир бароварда шуда, дар 4242 км роҳ  бо масоҳати 76,274,3 м2 таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, инчунин корҳои кабудизоркунӣ ба маблағи 225,0 ҳазор сомонӣ нигоҳдории нақбҳо ва равшаннамоӣ (1912,47 ҳазор сомонӣ) ва дигар корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Бо истифодаи маблағҳои мутамарказонидашудаи Вазорат, барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо сӯзишвории дизелӣ, битум қисмҳои эҳтиётӣ, маводҳои сохтмонӣ ва либосу пойафзори махсуси корӣ дастрас гардидаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 офатҳои табиӣ ба 303,4 км роҳ ба маблағи умумии 1 млн. 166,8 ҳазор сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида, аз он 188,20 км роҳ ба маблағи 668,8 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вазорат барқарор карда шуд.

Зимистонгузаронӣ

Бо мақсади таъмини ҳаракати пайваста ва бемамониати нақлиёти автомобилӣ ва иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” фармоиши Вазорат  №77 аз 03.05.2023с. ба тасвиб расида, “Нақшаи чорабиниҳои вазорат дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” тасдиқ ва Ситоди фаврӣ ташкил шуда, масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои он муваззаф гардидаанд.

Тибқи нақша дар умум бо назардошти бақияи мавсими гузашта маводи зиддилағжиш – 47994 м3, сӯзишвории дизелӣ – 194940 литр, ангишт – 234,3 тонна, ҳезум – 446 м3  ва омода намудани 505 адад техникаҳои роҳдорӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои омодабинӣ идома доранд.

         Дар мувозинаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 1351 адад техникаҳо ва таҷҳизоти роҳдорӣ (404 адад техникаи худҳаракаткунандаи роҳсозӣ, 389 адад нақлиёти автомобилӣ ва 558 адад таҷҳизот) мавҷуданд, ки 979 адад (72%) коршоям мебошад.

ОФАТҲОИ ТАБИИ ВА ЗАРАРИ ОНҲО БА СОҲА

Дар нимсолаи якуми соли 2023 офатҳои табиӣ ба 200 км роҳ ба маблағи умумии 1 млн. 166,8 ҳазор сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида, аз он 188,20 км роҳ ба маблағи 668,8 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои Вазорат барқарор карда шуд.

САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ

         Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди чумҳурӣ яке аз масъалаҳои рузмара ба ҳисоб рафта, масъулини Вазорат ҷиҳати беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам чораҳои зарурӣ меандешанд.

         Вале мутаассифона, дар давоми шаш моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт 161 садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 171 нафар маҷруҳ ва 101 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар мувофиқа ба ҳамин давраи соли 2022 сатҳи садаманокӣ 31 фоиз, шумораи фавтидагон 35 фоиз ва ҷароҳатбардоштагон 43 фоиз зиёд аст. Асосан садамаҳо аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт ва риоя нагардидани қойдаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон рух додаанд.    

         Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ оид ба барқароркунӣ ва гузоштани аломатҳои роҳ сол то сол аҳамияти чиддӣ дода, соли гузашта 2335 ва соли равон 1800 адад аломати роҳ гузошта шудааст.

ҲАМКОРӢ БО МИҲД

         Яке аз самтҳои дигари фаъолияти идораю муассисаҳои давлатӣ ин таъмини ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар маҳалҳо оид ба ҷудо намудани маблағҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо мебошад. Тибқи маълумоти РСХР дар нимсолаи якуми 2023 маблағҷудокуниҳо аз буҷети мақомоти маҳалӣ зиёда аз 6,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134% ташкил медиҳад.

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти  таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрузҳо дар соҳа тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 55 млн. доллари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.

Хушбахтона дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди қитъаи Қизилқалъа- Бохтар бо дарозии 9,2 км бо категорияи 1 бо маблағгузории гранти Ҷопон пурра ба анҷом расонида шуда, роҳ ба истифода дода шуд, ки ин яке аз дастовардҳои соҳа дар нимсола ба ҳисоб меравад.

Соли ҷорӣ корҳо дар лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди лоиҳаи “Беҳтар намудани Роҳҳои Алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ-БРАМОМ-4”, ки дар доираи он қитъаҳои Бекобод-Деҳмой, Деҳмой-Ғафуров, Ғафуров-Хистеварз ва Конибодом-Кучкаки (52 км) вилояти Суғд, Бохтар – Лолазор (40 км), сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд ва роҳҳои ба пул баранда, долони зиддитармавӣ дар ВМКБ  корҳо оғоз гардида, дар лоиҳаҳои Гулистон-Кӯлоб (35 км), Данғара-Гулистон (49,2 км), Гулистон-Фархор (40 км) дар марҳилаи оғозшавӣ қарор доранд.

        Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 4091 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 3272 нафар (80%)-ро шаҳрвандони Тоҷикистон, ташкил медиҳанд ва зиёда аз 1000 техника барои корҳои сохтмонӣ сафарбар карда шудааст.

        Айни ҳол, асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 км), Ховалинг — Сангвор (75 км) ва Балҷувон — Сарихосор (65км) идома дорад.

         Ҳамзамон, баҳри ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии афзалиятноки сармоягузории сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Лаби Ҷар-Қалъаихумб (134 км), Балҷувон-Сарихосор (60 км), Бохтар — Ҷ. Балхӣ-Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади Ӯзбекистан (170 км), Рӯшон-Хоруғ-Кулма (530 км), Хуҷанд-Конибодом (75 км), Хуҷанд-Ашт (122 км), Ховалинг-Сангвор (75 км) рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эстакадаи хиёбони                   С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе, сохтмони роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ-Панҷи Поён (51 км), иншооти аз офатҳои табиӣ зарардида дар ҷумҳурӣ корбарӣ барои дарёфти маблағгузории онҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва Шарикони Рушд идома дорад.

         Барқарорсозии пулҳои аз болои дарёи Кофарниҳон дар км 9,8 аз болои дарёи Элок дар км 11-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Рудакӣ ва барқароркунии қисматҳои роҳу пулҳои аз таъсири офатҳои табиӣ харобу корношоямгашта дар минтақаҳои Хатлону Рашт бо Бонки Умумиҷаҳони дар марҳилаи пеш аз оғози татбиқ қарор дорад.

          Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ комиссияи давлатии қабули таҷдиди роҳи Душанбе – Бохтар марҳилаи 1, 2 бо дарозии 73 км, 14 пул, 3 гузаргоҳи болоии роҳ, 3 иншооти чорвогузар, 1 тарозуи вазнченкунии нақлиёти автомобилӣ ва системаи равшаннамоии роҳи Душанбе – Ваҳдат 10,7 км бо 2 зеристгоҳи барқӣ 580 сутуни равшаннамоӣ  гузаронида шуд.

СОХТМОНИ АСОСӢ АЗ ҲИСОБИ БУҶЕТИ ҶУМҲУРИЯВӢ

       Дар баробари сармоягузории беруна маблағгузории буҷети давлатӣ барои сохтмони асосӣ соли 2023 барои иҷрои корҳои сохтмонию азнавсозии 29 иншоот ба маблағи 25 млн. 600 ҳазор сомонӣ) ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 01.07.2023с., дар 18 иншоот ба маблағи 12 млн. 577,0 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки нисбат ба нақшаи ҳамин давраи соли ҳисоботи – 102,% ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90,1%-ро ташкил дод. Дар 10 иншооти дигари нақшавӣ тендерҳо барои интихоби пудратчиҳо идома дорад.

         Корҳои азнавсозӣ дар нақби Истиқлол, ки тибқи қарордод арзиши умумии  лоиҳа 11 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва муҳлати татбиқи он бо дарназардошти тамдид то 30 ноябри соли 2022 ба инобат гирифта шуда буд. Бо сабабҳои объективӣ мӯҳлати татбиқи лоиҳа тамдид гардид, масъулин муваззаф шудаанд, ки то таҷлили Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмониро пурра ба анҷом расонанд.

КОРҲОИ ЛОИҲАКАШ

         КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-и Вазорат дар нимсолаи якуми соли 2023 ба маблағи 10 млн. 637 ҳазор сомонӣ дар 23 иншоот, аз ҷумла 14 иншоот корҳои кофтуковӣ — лоиҳакашӣ, 2 иншоот озмоишӣ, 5 иншоот назорати муаллифӣ ва 2 иншоот бозҳисоби намудани ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ иҷро гардида, корҳо дар 3 иншоот пурра ба анҷом расонида шудаанд. Корҳои иҷрошуда нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 134%-ро ташкил доданд. Музди миёнаи меҳнати кормандон 3100 сомонӣ ва шумораи кормандон 238 нафарро ташкил медиҳад.

  Фаъолияти корхона дар ин давра беҳтар шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуда истодааст.

НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 1034 иҷозатнома, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ 986, хоҷагии роҳҳо 23 ва роҳи оҳан 25 адад иҷозатнома дода, муҳлати амали 359 иҷозатномаро тамдид намудааст.

Айни замон, 5320 иҷозатнома мавриди амал қарор дорад, ки аз ин ба нақлиёти автомобилӣ 4941 адад, хоҷагии роҳҳо 272 адад ва роҳи оҳан 107 адад рост меояд.

 Дар ин давра 2499 маротиба рейдҳо гузаронида, дар натиҷа 28649 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 рейдҳо 99,3% ва протоколҳо 116%-ро ташкил дод.

КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” 348 сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ, 5009 сертификати салоҳиятнокии касбӣ ва 105865 сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ 119,5%, сертификати салоҳиятнокии касбӣ 106,8% ва сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ 116,6%-ро ташкил доданд.

РАҚАМИКУНОНӢ,  НИДР ВА ФОНДИ РОҲ

Яке аз самтҳои асосии Рақамикунонии соҳаи нақлиёт ин низоми идоракунии дороиҳои роҳ мебошад, ки аз ҷониби шарикони Рушд, аз ҷумла БҶ, БОР, БАТР ва JICA  дастгирӣ шуда истодааст. Ҷиҳати вусъат додани корҳо дар самти рақамикунонӣ КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” дар якҷоягӣ бо масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2020с., №706 “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ барои солҳои 2021-2024” як қатор корҳоро анҷом додаанд.

Вобаста ба масъалаҳои таъсиси Фонди роҳ, тағйирот ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ворид гардида, хулосаҳои мусбии вазорату идораҳои дахлдор гирифта шуд. Айни ҳол лоиҳаи қонуни мазкур дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Робитаҳои байналмилалӣ омили муҳими рушди соҳаи роҳу нақлиёт ба ҳисоб рафта, ҷиҳати тақвияти ин самти фаъолият дар нисолаи якуми соли 2023, 13 вохурию чорабинӣ баргузор гардид. Инчунин, лоиҳаи 12 созишнома дар сатҳи баррасӣ, мувофиқа  ва омодаи баимзорасони қарор доранд.

Роҳбарияти Вазорат дар ин давра мулоқоти дуҷониба бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Чин, намояндагони Бонки Осиёгии Рушд (БОР), роҳбарияти Агентии JICA, Сафири Ҷумҳурии Латвия, Роҳбари USAID дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва сармоягузрӣ доир гардид.

Инчунин, дар нимсолаи якуми соли ҷори роҳбарият ва намояндагони соҳа дар 23 сафари хориҷӣ иштирок намудаанд (шаҳрҳои Бишкеки Қирғизистон, Тиблиси Гурҷистон, Бокуи Озарбойҷон, Лондони Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Ҳиндустон).

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон ва омухтани таҷрибаи мутахасисони соҳаи кишварҳои мутараққӣ ҳар сол кормандони соҳаи нақлиёту роҳ ба давлатҳои хориҷӣ барои бозомузӣ равон карда мешаванд. Айни ҳол 4 нафар дар хориҷи кишвар дар курсҳои гунонгуни бозомузӣ таҳсил карда, аз моҳи сентябр то охири сол боз 12 нафар барои таҳсил ва такмили ихтисос ба хориҷи кишвар фиристонда мешаванд.

Барномаҳои соҳа

Баҳри пешрафти кор ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёту роҳ  3 барнома мавриди татбиқ  қарор доранд:

1. “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”, ки татбиқи он  се давраро дар бар гирифта (давраи кутоҳмуҳлат то соли 2015, давраи миёнамуҳлат то соли 2020 ва давраи дарозмуҳлат то соли 2025).

2. “Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДРА)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба он дар Вазорат бо Шарикони Рушд ҳамкориҳо идома доранд.

3. “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, ки барои фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ – истеҳсоли нақлиёти барқӣ, инчунин шароит барои зиёд кардани шумораи нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист равона гардидааст.

4.  Бо назардошти афзалиятнок арзебӣ гардидани самти логистика Вазорат лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” — ро омода намудааст, ки дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ то ҳол марказҳои логистикии муосир вуҷуд надоранд ва татбиқи Барномаи мазкур барои рушди логистика мусоидат хоҳад кард.

Вазорати нақлиёт ва корхонаҳои зерсохтори он ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти стратегия ва барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои тасдиқшуда ва дастуру супоришҳои дигар софдилона ва содиқона фаъолияташонро ба роҳ мемонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *