Дар Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал баргузор шуд

Дар Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал баргузор шуд

йни замон дар соҳаи нақлиёти кишвар 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 55 миллион доллар тибқи созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2023 ба доираи васеи намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иттилоъ дод. 

Ӯ изҳор дошт, ки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.    

Азим Иброҳим яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёти кишварро дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонидани лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди қитъаи роҳи «Қизилқала — Бохтар» бо дарозии 9,2 км бо категорияи 1 бо маблағгузории грантии Ҷопон дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ номид.

Зикр гардид, ки имсол корҳо оид ба лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавии коммуникатсионӣ дар Осиеи Марказӣ — БРАМОМ-4» оғоз гардида, дар доираи онҳо таҷдиди қитъаи «Бекобод — Деҳмой», «Деҳмой — Ғафуров», «Ғафуров — Хистеварз» ва «Конибодом — Кучкаки» (52 км)  дар вилояти Суғд, «Бохтар — Лолазор» (40 км), сохтмони пул дар болои дарёи Ғунд ва роҳҳои даромадгоҳ,  долонҳои зидди тарма дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (35 км),  “Данғара — Гулистон” (49,2 км), “Гулистон-Фархор” (40 км) дар минтақаи Кӯлоб дар марҳилаи  аввали татбиқ қарор доранд.

Дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 4091 мутахассисону коргарон фаъолият намуда, аз онҳо 3272 нафар ё 80% — ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Барои пешбурди корҳои сохтмонӣ зиёда аз 1000 мошин  сафарбар карда шудааст. Ҳоло асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои роҳҳои  сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 км), «Ховалинг — Сангвор» (75 км) ва «Балҷувон — Сари Хосор» (65 км) идома дорад.

       Ҳамзамон кор бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд барои ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии сармоягузорӣ  оид ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳои  автомобилгарди “Лаби Ҷар — Қалаи Хумб (134 км), “Балҷувон  — Сари Хосор (60 км), “Бохтар  — Ҷ. Балхи — Қубодиён — Шаҳритус — Айвоҷ  — сарҳади Узбекистон” (170 км), “Рӯшон — Хоруғ — Қулма” (530 км), “Хуҷанд — Конибадом (75 км), “Хуҷанд — Ашт” (122 км), “Ховалинг — Сангвор” (75 км), инчунин рушди иқтидорҳо оид ба идоракунии пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони эстакада дар  хиёбони Шерозӣ, дар чорроҳаи кӯчаи А.Каҳҳоров дар Душанбе,  бунёди роҳи оҳани  “Ҷ. Балхӣ — Панҷ” (51 км),  иншооти  аз офатҳои табиӣ  зарардида  идома дорад.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки барқарорсозии пулҳои болои дарёи Кафирниҳон иборат аз  9,8 км,  болои дарёи Элок, дар километри 11 — уми роҳи автомобилгарди » Душанбе-Рӯдакӣ» ва барқарорсозии қитъаҳои роҳу пулҳои аз офатҳои табиӣ зарардида дар вилояти Хатлон ва водии  Рашт  дар марҳалаи то оғози татбиқ   қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *