ДАР ПАРТАВИ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Долони байналмилалии нақлиётии «Тоҷикистон-Аврупо» метавонад паҳновартар шавад.

ДАР ПАРТАВИ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Долони байналмилалии нақлиётии «Тоҷикистон-Аврупо» метавонад паҳновартар шавад.

Имкон дорад «Роҳи Абрешим» бо шохаи Қафқози ҷанубӣ пайваст карда шавад. Чунин ҳадаф дар Форуми IV байналмилалии Тифлис «Роҳи Абрешим» (Tbilisi Silk Road Forum), ки 26-27 октябри соли 2023 дар пойтахти Гурҷистон баргузор шуд, садо дод.

Форум, ки таҳти шиори «Connecting Today Resilient Tomorrow» («Пайванди имрӯз барои фардои устувор») доир гардид, то ду ҳазор нафар ширкаткунандагонро аз 60 кишвари ҷаҳон, ба шумули намояндагони баландпояи ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо ва Осиё, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ташкилотҳои молиявию қарзӣ, намояндагони ширкатҳои пешрафтаи минтақа, Халиҷи Форс, ИМА ва Чин, соҳибкорон, коршиносон, рӯзноманигорон ба ҳам овард.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари моро дар ин ҳамоиш Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим муаррифӣ кард. Ӯро дар ин сафари корӣ Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» — и Вазорати нақлиёти ҶТ Раҳмиддин Саломзода ҳамроҳӣ  намуд.

  «Аҳамияти Роҳи Абрешим ҳам таърихан ва ҳам ҳоло фаротар  аз  як тиҷорати муқаррарист, — гуфт Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили ҳангоми ифтитоҳи форум.- Ин роҳи қадимтарин ба интиқоли молу маҳсулот аз як кишвар ба кишвари дигар мусоидат карда, фарҳангҳои Ғарб ва Шарқро  омезиш дода, дар самти табодули дониш ва таҷриба вазифаи роҳнаморо иҷро кардааст».

Дарвоқеъ, Роҳи Бузурги Абрешим яке аз дастовардҳои бузурги тамаддуни қадими ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бори аввал дар таърихи инсоният дар густураҳои азим аз Баҳри Миёназамин то уқёнуси Ором ин роҳ кишварҳо ва халқҳои гуногунро бо ҳам наздик сохта, боигариҳои  моддӣ, бадеӣ ва маънавии онҳоро бо ҳам павастааст. Дар тӯли асрҳои зиёд дар ин роҳ мубодилаи афкор, осор, ҳунарҳо ва эътиқодҳо  сурат гирифтааст.

 Оғози пайдоиши Роҳи Бузурги Абрешим ба нимаи дуюми асри 2 то милод рост меояд, замоне, ки дипломат Чжан Тзян бори нахуст барои чиноиҳо қаламрави ғарбии кишварҳои Осиёи Миёнаро кашф кард. Бо ин роҳи бузург ду роҳи дигари муқтадир ба ҳам пайваст карда шуданд — яке аз ин роҳҳо аз ғарб, аз кишварҳои Баҳри Миёназамин ва дигаре аз шарқ, аз империяи Хан ба Осиёи Миёна мерафтанд.

 Мафҳуми «Роҳи Бузурги Абрешим» ба яке аз молҳои гаронбаҳои ҳамонвақта – абрешим иртибот дорад, ки ду ҷаҳони гуногун — Ғарб ва Шарқро  бо ҳам шинос намудааст. Ин истилоҳро бори аввал соли 1877 донишманди олмонӣ Фердинанд Рихтгофен дар асари классикии илмии худ «Чин» истифода бурдааст. Вай маҷмӯи роҳҳоеро, ки қисматҳои гуногуни қораи васеи Авруосиёро бо ҳам мепайванданд, чунин номидаст.

 Роҳи Абрешим ба ташаккули сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳое, ки аз онҳо мегузашт, таъсири калон гузошт. Дар тамоми хатсайрҳои ин роҳи бузург шаҳрҳо ва шаҳракҳои калону хурди тиҷоратӣ пайдо шуданд. Билхосса, Осиёи Марказӣ пур аз роҳҳои корвонӣ  гашта буд. Даҳҳо хатсайрҳои тиҷоратӣ ин минтақаро убур мекарданд. Дар ин ҷо равандҳои муҳими этникӣ, ҳамкории фаъоли фарҳангҳо, амалиёти васеи тиҷоратӣ, шартномаҳои дипломатӣ ва иттифоқҳои ҳарбӣ ба  вуҷуд омаданд.  Мардумони ин минтақа дар паҳн кардани хатту ҳарф ва дину оини ҷаҳонӣ, дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва техникӣ дар кишварҳои Осиёи Дохилӣ ва Шарқи Дур нақши муҳим  бозидаанд.

 Бояд тазаккур дод, ки пас аз ташкили Давлати мутамаркази тоҷикон Сомониён дар асри IX, минтақаи Осиёи Марказӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим нақши калидӣ бозид. Сомониён ба бунёди корвонсароҳои монументалӣ мусоидат карданд, ки дар асри X теъдоди онҳо, тибқи шаҳодати чуғрофшиноси араб Истахрӣ, зиёда аз 10 ҳазорро ташкил дод ва онҳо дар масофаи якрӯза аз ҳамдигар ҷойгир буданд…

Имрӯз ҷаҳон ба Роҳи Нави Абрешим ниёз дорад.

Роҳи Нави Абрешим  — ин консепсияи системаи нави нақлиёти байниқитъавӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст..

Форуми IV байналмилалии Тифлис «Роҳи Абрешим» ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла, меъмории нави тиҷорати Шарқу Ғарб, долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва логистика, нақши афзояндаи Долони миёна, алоқаи рақамӣ, диверсификатсия дар бахши энергетика, устувории сайёҳӣ ва сармоягузориҳои гуногун барои ояндаи устувор бахшида шуд.

«Дар оянда ҳамоҳангсозии роҳҳои бартараф кардани монеаҳои мавҷуда дар самти ҳамкорӣ, муайян кардани ҳадафҳои умумӣ ва дарёфти заминаи ташаббусҳои нав ва лоиҳаҳои муштарак натиҷаи муҳим ва муваффақияти ин форум хоҳад буд», – гуфта мешавад дар гузориши созмондиҳандагони он.  

Мавриди зикр аст, ки ташаббуси Чин «Як камарбанд — як роҳ» ба беҳтар кардани инфрасохтор тавассути долонҳои заминӣ, ки тақрибан ба Роҳи Абрешими қадим мувофиқат мекунанд, равона шудааст ва миёни сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз аввалинҳо шуда ин ташаббусро дасгирӣ кардаанд.

  «Ин ташаббус амри саривақтӣ ва зарурӣ буда, манфиатҳои иқтисодии бисёр давлатҳоро ба ҳам муттаҳид месозад», — иброз намуданд Сарвари давлати  Тоҷикистон 26 апрели соли 2019 дар ҷаласаи дуюми ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» » дар Пекин. 

 Бино ба гуфти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишварҳои иштирокчии ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» метавонанд таҷриба, имкониятҳои технологӣ, сармоягузориро барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадори истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ истифода баранд.  

 Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистону Чинро марзҳои муштарак, муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва дӯстии дерин, ки решаҳояшон ба қаъри асрҳо мераванд, муттаҳид мекунанд.

   «Қаламрави Тоҷикистон аз замонҳои қадим дар чорроҳаи машҳури роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб қарор дорад ва ба шарофати мавқеи хоси худ ҷиҳати равнақи тиҷорати ҷаҳонӣ ба хотири рушди муносибатҳои чандинасраи кишварҳои Авруосиё хидмати шоиста кардааст», —  зикр карданд Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон.

       Маҳз аз ҳамин лиҳоз, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки соли 2016 дар асоси муқаррароти паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2014 ва 2015 таҳия шудааст, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати  мамлакат  таъйин карда шудаанд. Вазифаҳои асосӣ ҷиҳати  ноил шудан ба ин ҳадафҳо, аз ҷумла, рушди соҳаи нақлиёт, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, таъсис ва  тавсеа додани долонҳои транзитии нақлиётӣ арзёбӣ гардидаанд.

 Дар бораи он, ки Тоҷикистон метавонад барои дигар кишварҳо минтақаи қулайи транзитии пайваст бо долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз қабили ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ИА ва ғайра гардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир борҳо, зимни мулоқот бо сарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дар бисёр  ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ  сухан гуфта, пешниҳод намудаанд, ки «харитаҳои роҳ», консепсияи ҳамгироии марказҳои логистикӣ, лоиҳаҳои рушди инфрасохтор ва ғайра таҳия  карда шаванд.

 Бо супориши Президенти ҶТ Ҳукумати кишвар моҳи декабри соли 2022 Созишномаро дар бораи иҷозати ягонаи транзитии TRACECA (Долони нақлиётии Аврупо -Қафқоз -Осиё) тасдиқ ва имзо кард.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси ором (ЭСКАТО), ки моҳи майи соли 2023 дар Бангкок баргузор шуд, дар шакли маҷозӣ суханронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки марказҳои логистикии минтақавӣ таъсис дода, технологияҳои рақамӣ ва системаи интеллектуалии нақлиётӣ ҷорӣ ва дар маҷмуъ системаи нақлиётӣ дар доираи ин созмон васеъ карда шавад.

   Илова бар ин, моҳи майи соли 2023 дар ҷараёни гуфтушунид бо Роҳбари Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов дар Душанбе  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиётро чун авлавияти бечунучаро дар ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон эълом дошта, аҳамияти баланд бардоштани самаранокӣ ва бунёди гузаргоҳҳои нави байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» — ро таъкид намуданд.

  21 сентябри соли 2023 дар Душанбе таҳти сарпарастии СҲИ (Созмони ҳамкории иқтисодӣ) нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба гузаргоҳи мультимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» баргузор гардид.     

 «Президенти Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштаанд, ки ин самт беш аз ҳама ояндадор аст, зеро он интиқоли борро ба як қатор кишварҳои Аврупо суръат бахшида, Тоҷикистонро тавассути роҳи автомобилгард бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваст месозад ва ба ин васила ба эҳёи «Роҳи Бузурги Абрешим» ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат менамояд», — мегӯяд Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.

 Ба гуфтаи ӯ, дар Форуми 4-уми байналмилалии Тифлис як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Чорроҳаи ҷаҳон» дар бораи рушди коммуникатсия миёни Арманистон, Озарбойҷон, Туркия ва Эрон муаррифӣ карда шуданд. Ин маънои онро дорад, ки Роҳи Абрешим, ки дар қадим аз Қафқози Шимолӣ мегузашт, акнун ба шабакаи роҳҳои Қафқози ҷанубӣ низ пайваст карда мешавад.

«Ҳамин тариқ, ба долони мультимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» боз як  гузаргоҳи  нав илова мегардад, ки ин ба супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани долонҳои байналмилалии нақлиётии мо созгор аст», —  хулоса кард Вазири нақлиёти  ҶТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *