Муҳокимаи вусъати ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи нақлиёт

Муҳокимаи вусъати ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи нақлиёт

29 ноябр  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим  бо Сафири  фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сарвар  мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои минъбада дар самти нақлиёт мубодилаи афкор намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки маҷмааи нақлиётӣ шароити рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сифати зиндагии аҳолиро муайян мекунад ва дар рушди муносибатҳои байни кишварҳо нақши муҳим мебозад.

Вазири нақлиёти ҶТ гуфт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ», Созишномаи тиҷоратӣ – транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон амалӣ мегардад.

Ҳамчунин, тавре зикр гардид, Тоҷикистону Покистон дар доираи аъзогӣ дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони ҳамкории исломӣ (ОИС) Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Уқёнуси Ором (ESCAP; ЭСКАТО), Барномаи ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ), Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва ғайра ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт  ба роҳ андохтаанд.

Вазир афзуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ омодаи вусъати ҳамкориҳо дар самти нақлиёт мебошад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон Саид Сарвар аз пазироии самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, низ тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ намуд.

Хотиррасон мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣбайни Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни соли 1992 барқарор гардиданд.  Миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

   Дар ҷараёни сафари  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии  Исломии Покистон 14-15-уми декабри соли 2022 баъд аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ санадҳои нави ҳамкорӣ  миёни ду кишвар, аз ҷумла Изҳороти муштараки Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири ҶИП муҳтарам Муҳаммад Шаҳбоз Шариф  ба имзо расиданд.

  «Дар соҳаи нақлиёт мо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон бори дигар таъкид кардем», — иброз доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз натиҷаҳои сафарашон ба ин кишвар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *