Дар Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 доир гардид

Дар Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 доир гардид

8 феврал дар Вазорати нақлиёт ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти  фаъолияти вазорат ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи он дар соли 2023 баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовинони ӯ, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва идораю муаасисаҳои зертобеи вазорат ва доираи васеи кормандон воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (28 нафар) гузаронида шуд.

Дар оғози нишаст ба рӯноманигорон  маълумотнома (пресс-релиз) дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт дар соли 2023 пешниҳод карда шуд.

Нишасти матбуотӣ, ки каме бештар аз як соат давом кард, пурра ба саволу ҷавоб бахшида шуд.

Вазири нақлиёт ба пурсишҳои зиёди хабарнигорони АМИТ «Ховар»,  «Азия Плюс», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Радиои Тоҷикистон», радиои «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» хабаргузориҳои ИТАР ТАСС,  «Sputnik», «Regnum» (Русия), «Reuters» (Британияи Кабир), радиои «Озодӣ» (ИМА) ва ғайра оид ба фаъолият дар самтҳои гуногуни соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо, бунёди эстакадаҳо дар Душанбе, долони мултимодалии нақлиётии «Чин -Тоҷикистон -Узбекистон — Туркманистон Эрон-Туркия -Аврупо», ҳолати имрӯзаи роҳҳои автомобилгард, гирифтани рухсатномаҳо ҷиҳати ҳамлу нақли бор ба кишварҳои хориҷӣ ҷавобҳои мушаххас дод.     

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *